Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:16

Раҳмон ҳамкории Душанбеву Остонаро “намунавӣ” хонд

28 март 2013, 17:05

Нимаи дуюми имрӯз, 28-уми март, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро “намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ” номида, изҳори боварӣ намудааст, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд.

Ерлан Идрисов ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугйи Осиё доир ба ҳамкориро нишонаи возеҳи болоравии обурӯю нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон номида, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо дастовардҳои муҳими глобалӣ таҳният гуфтааст.

Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 150% афзудааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёд аст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ табодули афкор сурат гирифтааст. Барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фаъолияти муштараки мақомот, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, зарур шумурда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!