Бахшҳо

Дар парлумони касбӣ баҳсу мунозираҳо ҳам мешаванд

«Онҳое, ки аз берун истода дар бораи парлумони мо гап мезананд, намедонанд, ки дар парлумони касбӣ чӣ хел баҳсу мунозираҳо мешаванд».

Дар ин бора, муовини аввали райиси ҲХДТ Сафар Сафаров зимни як мулоқоти фаъолони ҳизб дар Душанбе дар бинои Филармонияи давлатӣ иброз дошт. Тибқи иттилои хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Озодагон» дар ин нишаст ҳамчунин номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон (дар интихоботи миёнадаврӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 4, ноҳияи Сино), котиби Шӯрои Амният-Амирқул Азимов  бо шахсони боэътимодаш ширкат карда, ба суолҳои интихобкунандагон ҷавоб гуфт. Аз ҷумла,  мушкилоти болоравии нарху наво, паст будани музди маоши омӯзгорон, поймолшавии ҳуқуқи занон, инчунин камрангии фаъолияти парлумони кишвар аз мавзуоти аслии баррасишавандаи ин нишаст маҳсуб мегарданд.

Абдулвоҳид Шамолов, директори институти фалсафа ва ҳуқуқи АУ-и Тоҷикистон, ки яке аз шахсони боэътимоди Азимов дар интихоботи мазкур аст, нақши генералро дар сиёсати феълии ҳукумати кишвар муассир арзёбӣ карда гуфт, «агар ба ин шахс овоз диҳед, ба тамоми мушкилотатон мерасад ,  агар ҷомеаи худро обод дидан мехоҳел, пас ба Азимов овоз диҳед, дар дастгирӣ кардани сиёсати Ҷаноби Олӣ тафовути ин шахс дар он аст, ки барои сулҳ мубориза бурд. Азимов метавонист ба хориҷа рафта, соҳиби рутбаи генералӣ шавад, лекин нарафт…»

Зимни ҷаласа як  мӯйсафеди 64-сола, сокини маҳаллаи 64-уми пойтахт дар хусуси вайрон кардани ҷои нишаст ва намозхонӣ изҳори ташвиш намуд ва хоҳиш кард, ки сабабҳои онро маълум кунанд. Амирқул Азимов дар посух ба суоли ӯ  гуфт, «намоз хондан ҷои махсуси худро дорад ва мо бояд  бештар илм омӯзем».

Ёдрас менамоем, дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи Сино № 4, ки рӯзи 15-уми май баргузор мегардад, чор довталаб барои курсии вакили МН талош хоҳанд кард. Инҳо Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз ҳизби аграрӣ, Сафарбек Маннонову Толибшоҳи Сайидзода (Саидов) тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)