Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Таассуфу нигаронии Убайдуллоев аз гум шудани Сабина ва Малика

29 март 2013, 09:08

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз нопадид шудани ду духтари хурдсол -- Сабинаи панҷсола ва Маликаи шашсола, ки ҳарду аз як хонаводаанд, изҳори таассуф кардааст. Бино ба қавли дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бо нигаронӣ аз масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки “бо истифода аз тамоми имконот корҳои ҷустуҷӯиро барои дарёфти онҳо равоа кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қазияи гумшавии ду духтараки ноболиғро аз кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе зери назорати шахсӣ гирифтааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Раҳимов вобаста ба ҳодисаи гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина, ки шоми 25 марти соли равон рух додааст, фармон дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ содир кардааст. Ба иттилои манбаъ гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзида созмон дода шуда, ҳама фарзияҳо оид ба бедарак шудани ноболиғони мазкур мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор хоҳанд дод.

ВКД аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони мазкур ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягонҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки тавассути телефони боварии вазири умури дохилӣ 221-21-21 ва ё бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 хабар диҳанд.

Таассуфу нигаронии Убайдуллоев аз гум шудани Сабина ва Малика Дар ҳамин ҳол Тимур Аралов, падари Малика Аралова, бегоҳи 28-уми март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “то имрӯз чанд занги телефонӣ қабул кардем, вале мутаассифона бенатиҷа буданд. Чанд бор занг зада, гуфтанд, ки ду духтаракро дар ин ё он кӯчаи Душанбе дидаанд ва мо ба ҳар ҷое, ки нишон доданд, рафтем, вале духтарони худро пайдо накардем. Ба ҳар сурат аз онҳое, ки ба мо занг заданд, миннатдорем.”

Тимур Аралов мегӯяд, кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • модар

  • 18 сентябр 2013 15:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хамчун модар аз он рузеки ин хабари шумро шунидам худро ба чои он модарони бечора хис мекунам гуйо чигарам сад пора шуд пас аз шунидан илохо Худованди мехрубон онхоро бар шумо зиндаву саломат расонад аввалан сари чойнамоз дуо кунед ман низ дуо мекунамки каси сангдиле ки онхоро рабудааст ба волидайни онхо рахм созад омин рузе ки пайдо кардед партоед ба интеинет мо дар россияем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!