Бахшҳо

Танҳо дар Тоҷикистон масъулин худро гунаҳкор намедонанд

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ҳамнишинӣ бо соҳибвазифаҳои тоҷик ва чанд муддати зиндагӣ дар кишвари мо ба назар мерасад ба Никола Кавазович бетаъсир набудааст. Ахиран, ин варзишгар, ки масъулияти сармурабигии тими миллии Тоҷикистонро бар зимма дорад, изҳор дошт, дар бохти яккачини мо бар мунтахаби Қирғизистон худро гунаҳкор намешуморад. Танҳо дар Тоҷикистон масъулин барои камбудиҳо худро гунаҳкор намедонанд. Ҳукумат барои ним соли бебарқӣ, водоканал барои оби лойолуду қумбор, масъулин барои роҳҳои хароб…… назди мардум гунаҳкор нестанд. Аммо дар замири Кавазович ҳанӯз чизе боқӣ монда, ки гуфтааст, аз ин бохт эҳсоси шарм кард.

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол муваффақ нашуд ба даври ниҳойии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)-2014 роҳхат бигирад. Дар дидори ҳалкунанда, ки 21-уми март дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек сурат пазируфт, бозингарони тоҷик аз дастаи мизбон шикаст хӯрданд. Голи ягонаи дидор дақиқаи 41-ум зада шуд. Бозингарони қирғиз барои мухлисонашон роҳхат ба даври финалиро туҳфаи наврӯзӣ бурданд, футболбозони тоҷик бошад, ба ташкилии наврӯзӣ рафтанд. Онҳо оши пухтаи Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро нуши ҷон кардаву ба ватан баргаштанд.
Тоҷикистон дар гуруҳи «В» ҳамроҳ бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Мако барои вуруд ба даври финалӣ талош мекарданд. Бозингарони тоҷик тавонистанд бар мунтахабҳои Покистон (1:0) ва Мако (3:0) дастболо шаванд, аммо аз ҳамсояҳои дар ба девори худ шикаст хӯрда, аввалин маротиба дар таърихи худ натавонистанд ба даври финалии ин мусобиқа роҳхат бигиранд.

Никола Кавазович дар нишасти хабарие, ки баъди анҷоми бозии Тоҷикистон-Қирғизистон баргузор шуд, изҳор дошт, ки дар нокомии дастааш худро гунаҳкор намеҳисобад, вале «дарки масъулият ва шарм мекунад». Аммо Хуршед Маҳмудов, сарвари дастаи яккачини Тоҷикистон ба сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфтааст, бештари бозингаронро ин бохт ноумед кард. «Ман ҳамчун сарвари даста аз номи худ ва футболбозон мехоҳам барои ин бозӣ маъзарат бихоҳам»,-гуфтааст вай.

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, «албатта, бисёр аламовар аст, вақте аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ маҳрум мешавӣ. Ба ҳар як узви ситоди мураббиён ва ба ҳар бозигари дастаи худ изҳори сипос намоям. Ба онҳо ягон эътироз надорам, онҳо кӯшиш карданд, ки ҳамаи кори аз дасташон меомадаро ба ҷо оранд». Ба қавли вай барои мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК ҳамагӣ 10 рӯз омодагӣ дидаанд. Аммо ӯ сабаби хеле кам дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ буданашонро нагуфтааст.

«Дар мо масъалаҳои ҳалталаби дохили даста буданд, вале бачаҳои мо қувват пайдо намуда, сазовор бозӣ карданд». Вақте аз ӯ мепурсанд, ки чӣ гуна масъалаҳои ҳалталаб дар дохили даста буд, посух медиҳад, ки «ин сири махфии дастаи мост, сири байни бозигарон ва ситоди мураббиён. Ҳатто роҳбарияти ФФТ дар ин бора намедонад. Ин кори дохилии дастаи мост». Бо вуҷуд Кавазович гуфтааст, ки «мо дар ин ҷо футболи хуб, замонавӣ ва бо сифати баланди техникӣ намоиш додем». Аммо дар идома гуфта, дар Бишкек мунтахаби Тоҷикистон танҳо 50 дар сади имкониятхои худро нишон додааст: «Ман гуфтанӣ нестам, ки мо хоҳиши 50 дар сад бозӣ кардан доштем, хоҳиши мо 150 фисад буд, вале мо ҳамаи имкониятҳои худро истифода накардем».
Вақте аз Никола Кавазович мепурсанд, ки: -«Иштибоҳи бузурги шумо дар бозии имрӯза чӣ буд»? посух медиҳад, ки «Чунин меҳисобам, ки ман ягон хато накардаам».

Ба қавли Никола Кавазович дастаи Тоҷикистон имконияти бузург дорад. «Ман ба даста дар оянда барори кор мехоҳам ва умедворам, ки ба ҳайси мухлис аз муваффақиятҳояш хурсанд мешавам. Шартномаи ман ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахабаи Тоҷикистон бо Федератсияи футболи кишвар рӯзи 1-уми апрел қатъ меёбад. Бинобар ин, фикр мекунам, ки кори ман дар ин ҷо ба анҷом расид».

Бо эҳтимоли зиёд Никола Кавазович дигар дар Тоҷикистон намемонад. Ӯ меравад ва фикр накунам, ки ФФТ ҷуръат намуда, яке аз беҳтарин мутахассисони ҷаҳонро даъват намояд. Курсии Кавазович насиби кадом як мураббии тоҷик мешавад. Касе, ки на танҳо барои бохтҳо худро гунаҳкор намеҳисобад, балки ҳатто эҳсоси масъулият ва дарки шарм низ намекунад. Ё хато кардам?
Мӯҳр
На, огои Абдулазиз! Хато накардед!

Курсии навбати насиби ки мешавад, посухи дуруст пайдо кардед. Ман ба Кавазович бовари доштам, зеро дар вакти тамринхояш дар Бахористон он чо будам. Дидам, ки чигуна бо футболбозон муносибат мекард. Барои тамрини у кам буданашро ман намедонам. Аммо хаминро медонам, ки 6 нафар футболбозаш 3 - 4 руз пеш аз ба итмом расидани тамрин ба тамрин пайваст шуданд. 6 нафараш дар тими Регар ТадАЗ бози мекарданд баъди бохт бо рухияи шикаста ба тамрин омаданд.
Яке аз шикастхои асосии дастаи милли дар он аст, ки масъулини бемасъулияти мо дар 6 мох сармураббиёнро иваз мекунанд. Сармураби на кам аз 2-4 сол бо тим кор кунад.
Каблан аз нашр ташаккур мегуям.

вай хисси ватандори надорад.зеро ,ки зодаи Точикистон нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)