Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

Додситонӣ Қориро дар пахши "иттилои бардурӯғ" муттаҳам мекунад

29 март 2013, 14:36

Додситонии вилояти Суғд нисбати Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки бо лақаби “Қорӣ” низ маъруф аст, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Баҳриддин Тошев,
падари маҳбус дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додситонӣ нисбати писараш, тибқи моддаҳои 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз намуда, ӯро дар он муттаҳам мекунад, ки оиди авзои зиндон ва муносибати маъмурини зиндон дар ВАО хабарҳои бардуруғ паҳн кардааст. Баҳриддин Тошев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “наход, барои пахши иттилоъ дар ВАО парвандаи ҷиноӣ боз кунанд? Ин ҷиноят нест!”

Падари маҳбус мегӯяд барои арз намудани иддаояш ахиран ба шаҳри Хуҷанд рафта, ба прокурори вилояти Суғд, Қурбон Шарипов аризаи даъвогӣ пешниҳод кард: “Прокурор ваъда дод, ки қазияро санҷида, аз натиҷаи он хабар медиҳад. Аммо яктарафа дида, ба доди писарам нарасиданд.”

Садриддин Тошев, баъди марги Ҳамза Икромзода дар зиндони Душанбе, дар қатори маҳбусони дигар, 5-уми ноябр аз зиндони рақами аввали пойтахт ба маҳбаси рақами 23-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуда буд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Садриддин Тошев борҳо аз нодурустии ин ҳукм ба мақомот шикоят карда ва се сол пеш низ дар маҳбас даст ба як гуруснанишинии эътирозӣ зада буд ва пайваста аз авзои зиндон хабарҳо пахш мекард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон як давлати тотолитари ва режими худкома аст. Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!