Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Туркманистон тавлиди газро бештар мекунад

29 март 2013, 14:51

Туркманистон, ки бузургтарин содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ният дорад тавлиди газро дар соли 2013 нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш медиҳад.

Тавре расонаҳои ин кишвар иттилоъ медиҳанд, мақомоти туркман тасмим гирифтаанд, дар соли 2013 ҳаҷми тавлидоти газро то 76,9 миллиард метри мукааб расонанд. Дар ҳоле ки ин нишондод дар соли 2012, 68,6 миллиард метрии мукаабро ташкил медодааст. Ин кишвар қасд дорад дар давоми 20 соли оянда тавлиди гази худро ду баробар афзоиш диҳад, то битавонад ба кишварҳои аврупоию Ҳиндустон ва Покистон низ фурӯшад.

Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2011 Туркманистон тавонистааст, 66 миллиард метри мукааб газ тавлид кунад ва ин нишондод ба буҷаи давлат 11 миллиард доллари амрикоӣ фоида овардааст. Харидори гази туркманӣ Русия, Хитой ва Эрон ба ҳисоб мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!