Бахшҳо

Рӯи ҷасади шер, зоғу заған ҳам пирӯзанд!

Ёқуби САИД, махсус барои “Озодагон”

Шоми якшанбеи 24 март, баъд аз тамошои барномаи хабарии “Вести недели” ва барномаи вижаи “Березовский”-и шабакаи телевизионии “Россия РТР” пушти компютер нишастам ва дар саҳфаи Фейсбукам ин ҷумлаҳоро навиштам: “Березовский бад буд, бад кард ва бад дид...

Аз ин марди мурда тариқи шабакаи телевизионии РТР он чунон бад гуфтанд, ки бе ихтиёр дӯсташ доштам. Одам чи қадaр бояд тавоно бошад, ки дар ҳаққаш ин афсонаҳоро бибофанд?! Ӯ буда, ки инқилоби норинҷии Укроинро сармоягузорӣ карда, ӯ буда, ки инқилоби лолаии Қирғизистонро пирӯз гардонида...

Дар даҳаи навади асри пор вазирони рус дар манзили ӯ тасдиқ ва танҳо баъд аз ин дар Кремлин шаҳодатнома мегирифтаанд. Наздик ба даҳ парвандаи қатлро ба номаш боз кардаанд. Дар созмон додани ҷинояти терористӣ муттаҳамаш карданд. Даҳҳо ҷинояти иқтисодиро бар дўшаш овехтанд. Манфиатҳои Русияро яксара фурўхта будаст ва даҳҳо айбномаи дигар.

Ин ҳамаро агар бидуни камтарин шубҳа бовар кунем ва дар ҳаққи Березовскии марҳум бадгумон ҳам бишавем, бешак ў нобиғае буда, ки тавоноии анҷом додани ин қадар корҳоро доштааст.

Ва ин ҳам заъфи дастгоҳи давлатии таблиғотии Русия, ки нотавонии ҳукумати ин кишварро ба намоиш гузошт. Ҳукумате, ки агар ба гуфтааш бовар кунем, душмани давлату миллаташро дар ин дунё натавонист ба сазои аъмоли содиркардааш бирасонад.

Бардошт аз ин гуна таблиғот бо таҳсин гуфтани "ҷинояткор" хатм мешавад.”

Дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Русия дар симои ВГТРК (Ширкати давлатии телевизионӣ ва радиошунавонии умумирусиягӣ) ғофил аз таъсири ворунаи таблиғи худ, ҳай ҷор заду оби даҳон пароканд. Суол инҷост, ки чаро барномаи вижаи “Берозовский” дар соли 2012 таҳия, аммо маҳз баъд аз як рӯзи даргузашти ин қаҳрамон намоиш дода шуд? Боз нафароне аз Березовский зимни барномаи фавқузикр ба бадӣ ёд карданд, ки дар гузашта аз хони ин қаҳрамон нону намак чашидаву дар паҳлӯи ӯ қадам зада ва эҳтимолан дар анҷоми корҳояш кумак карда буданд. Яке собиқ сардори Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ)-и Русия, дигаре собиқ фармондеҳи неруҳои Русия дар ҷанги Чечен, савумӣ сардори муҳофизони раисҷумҳури вақти Русия...

Ҳамчуноне, ки қонунҳои навиштаи Русия тариқи парлумони Тоҷикистон копӣ мешаванд ва на як бору ду бор дар матни русии қонунҳои тоҷикӣ “иштибоҳан” РФ ҷои РТ нигошта шудааст, қонунҳои нонавиштаи РФ низ дар РТ ҷоизи татбиқ дониста мешаванд. Бигирем ҳамин тартиби набарди иттилоотӣ бо иддае аз шаҳрвандони бахтбаргаштаи худиро. Сарфи назар аз таблиғоти каҷтоби ВАО-и давлатӣ, Березовскийро дар матбуоти мустақили Русия падари сиёсии Путин мехонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дугонаи айнии Березовскийро ҷустуҷӯ кардан шояд маънӣ надошта бошад. Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири ҷумҳурӣ нишонаҳое аз Березовскийро дорад, вале на ҳамаи ӯст. Шахсиятҳои дигар ва корчалонони моҳири тоҷик ҳеч кадоме ба танҳоӣ ҳамтои Березовский шуда наметавонанд. (Ин ҳам таъсири таблиғи ВГТРК). Аммо набарди иттилоотӣ алайҳи аз қудрат ва курсӣ афтодаҳои тоҷик айни набард бо Березовскийро мемонад. Дар аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳама саҳиманд, ба ҷуз соҳибмансабони кунунӣ, ҳамаи хушбахтӣ ва саодат бо дастони соҳибонқудратони имрӯзӣ сохта, вале ҳама бадбахтиҳо ва нокомиҳоро сабабгор “березовскийчаҳои тоҷик”ҳастанд. Ҳамин навъ таблиғот дар садову симо ва матбуоти давлатии Тоҷикистон гоҳу-ногаҳ бурда мешавад.
Натиҷа ҳамон аст, ки ҳамон: аз онҳое, ки ба бадӣ ёд мешавад, дар воқеъ аз нерӯи фавқулъодае бархурдор будаанд, ки тавонистанд ҳаводисро ба коми худ бичархонанд. Бечора ҳукуматҳо будаанд, ки натавонистанд аз нерӯи ин тоифа афрод истифодаи дуруст кунанд ва бо бадном сохтани эшон чӣ баъд аз марги табиӣ ва чи баъд аз марги сиёсӣ номи худро ҳам бад карданд.

Тавре мегӯянд: Рӯи ҷасади шер зоғу заған ҳам пирӯзанд!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)