Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:53

Узбакистон барои “сиёҳ” кардани ТАЛКО итолиёвиҳоро кироя кардааст?

30 март 2013, 12:36

Игор Сатторов, сардори Хадамоти матбуотии калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, “ТАЛКО” мегӯяд, ҳимояи иттилоотӣ дар кишвар таъмин нест ва Тоҷикистон дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотии Узбакистон осебпазир мебошад.

Игор Сатторов, ки имрӯз, 30-юми март, дар семинари омӯзишӣ-амалии стратегияи иттилоотии ТАЛКО, дар шаҳри Турсунзода баромад мекард, гуфт, “мо ҳамеша ҷонибдори он будем, ки иддаои Узбакистон оиди зарари экологии Талко бо роҳи гуфтушунид ва муштаракан баҳогузорӣ шавад. Аммо имрӯз мо ба қароре омадем, ки Узбакистон ба ҳеҷ навъ моили гуфтушунид бо ТАЛКО дар мавзӯи экология нест ва пахши иттилоотро, ки гӯё гӯиё ТАЛКО боиси харобшавии муҳити зисти Узбакистон шудааст, идома медиҳад."

Сатторов афзуд, ки айни ҳол Узбакистон гуруҳе аз синамогарони иттолиёвро кироя кардааст то дар ин кишвар филмеро бо номи “Фоҷиаи экологии Узбакистон” ба навор гиранд ва он марбут ба фаъолияти ТАЛКО аст: “Аммо дар натиҷаи тадқиқот муайян кардем, ки ин на гурӯҳи одии синамогарон балки лоббистҳои хориҷиянд, ки барои тарғиби мавқеи Узбакистон кироя шудаанд.”

Дар ҳамин ҳол Сатторов зарур хонд, ки Тоҷикистон низ бояд дар бахши экология сиёсати иттилоотии худро пурқувват намояд, чун ба гуфтаи ӯ “агар бо дахолати Узбакистон, корхонаи Талко 20 дақиқа аз кор монад, зиёни он метавонад то ба се миллиард доллари амрикоӣ расад. Зеро давоми 20 дақиқа ҳавзаҳои ТАЛКО сард мешаванд ва зарурат пеш меояд, ки ҳавзаҳоро дубора харид ва насб намоем. Барои хариду насби онҳо 3,5 сол даркор аст ва тайи ин муддат ТАЛКО шарикони ҳамкори худро аз даст медиҳад, чун ягон шарик тайи ин муддат интизор намешавад.”

Татяна Ҳасанова, коршиноси мустақил, давлати Тоҷикистонро дар самти ҳимояи манфиатҳои экологии худ, танбал арзёбӣ карда, зарур хонд, ки Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ба ҳуҷумҳои иттилоотии Узбакистон ҷавоб гӯяд. Айни ҳол ба гуфтаи Ҳасанова ин корро ба ҷои давлат ТАЛКО анҷом дода истодааст, ки чандон дуруст нест. Ӯ таъкид кард, ки ҳар изҳороти Узбакистон оиди зарари ТАЛКО дар созмонҳои байналмилию ВАО аз рӯи барномаҳои махсуси давлатӣ роҳандозӣ шудаанд ва то ҷое муваффақ гардидаанд.

Алихон Латифӣ, мудури иҷроияи созмони “Барс консалтинг ЛТД” барои хотимаи иддаои беасоси узбакҳо атрофи ТАЛКО ҳамкории бештари экологҳои ин ду кишвар, махсусан ҷавононро зарур хонд: “Дар нишастҳо бисёр экологҳои ҷавони узбак қатъи кори ТАЛКО-ро ба миён мегузоранд, аммо ба далели камбуди маълумот ин пешниҳодашонро асоснок карда наметавонанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки бояд ТАЛКО баста шавад. Барои огоҳии экологҳои узбак аз вазъи воқеии ТАЛКО бояд ҳамкорӣ бештар шавад.”

Ба гуфтаи Сатторов, Тоҷикистон дар ҳар сурат омода аст, барои таҳқиқи масоили экологӣ гуруҳи кории муштарак, бо иштироки намояндагони Узбакистонро таъсис диҳад ва вазъи экологии корхонаҳои наздимарзии ҳар ду кишварро таҳқиқ кунад. Аммо Узбакистон ба ин пешниҳод ба шарте розӣ шудааст, ки агар ин комиссия корхонаҳои тоҷик, аз ҷумла ТАЛКО-ро таҳқиқ кунаду ба корхонаҳои наздимарзии Узбакистон кордор нашавад.

Дар ҳамин ҳол Игор Сатторов илова намуд, ки имсол ТАЛКО расман 38-сола мешавад ва барои таҷдиди ин корхона бо муосиртарин технология, 100 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Ӯ мегӯяд, феълан барои модернизатсияи ТАЛКО ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то қисмате аз ин маблағҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷудо гарданд.

Дар ҳамин ҳол ахиран Кумитаи аграрӣ ва экологияи парлумони Тоҷикистон изҳороти мақомоти узбакро дар мавриди он ки корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО, ҳамасола ба Узбакистон 227 миллион доллар хисорот меорад, беасос хонда, ҷавобан пешниҳод кард, ки зарари корхонаҳои наздимарзии Узбакистон ба муҳити зисти Тоҷикистон ҳисоб карда шавад ва барои ин як гуруҳи махсус ташкил гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сабур

  • 30 март 2013 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На нафахмидам, ое ин корхонача кодир ба он нест, ки модернизатсияи худро аз хисоби фоида ва е шарикони боэътимоди афшории худ анчом дихад, ки боз аз хисоби бучети факири мо онро мехохад гузаронад. Бигзор корхона аз хисоби худ ин корро анчом дихад, ва маблагхои бучети ба дастгирии сохибкории хурду миена равона шаванд. Точикистон агар обод шавад, пас аз хисоби рушди сохибкории хурду миена.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАЛКО аз бучаи давлат пул мехохад? Даъвои ачиб! Оё ин ширкат хар сол ба бучаи давлат акалан нисфи хамин маблагро мегузаронида бошад, ки имруз онро бозпас даъво мекунад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!