Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 28 июн 2017, 22:19

Аз нопадид шудани Маликаву Сабина як ҳафта гузашт

1 апрел 2013, 09:30

Пайвандони Сабина Араловаи панҷсола ва Малика Араловаи шашсола мегӯянд, бо гузашти як ҳафта ҳанӯз аз кӯдакони гумшудаи худ хабаре пайдо накардаанд.

Улуғбек Аралов, падари Сабина Аралова, 1-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, “мутаассифона, аз онҳо ягон хатту хабаре нест. Дирӯз чанд занги телефонӣ қабул кардем, вале бенатиҷа буданд. Пештар чанд кас занг зада гуфтанд, ки ду духтаракро дар ин ё он кӯчаи Душанбе дидаанд ва мо ба ҳар ҷое, ки нишон доданд, рафтем, вале духтарони худро пайдо накардем. Дар ҳар сурат, аз онҳое, ки ба мо занг заданд, миннатдорем.”

Улуғбек Аралов дар идомаи суҳбаташ овозаҳо дар бораи дарёфти ҷасади фарзандонашонро беасос хонд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ барои дарёфти ин ду духтараки гумшуда мукофоти пулӣ таъин кардааст. “Ҳар нафаре, ки вобаста ба пайдо намудани ноболиғони мазкур хабари дақиқ пешниҳод менамояд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қадршиносӣ карда мешавад”,-навиштааст торнамои расмии ин вазорат.

Ёдовар мешавем, ин ду духтарчаи ноболиғ рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Тимур Аралов, падари Малика Аралова, чанде пештар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуев Лоикчон Вайсиддинович соли таваллудаш 2014
Рузи 24.04.2017 соатхои 7-8-и сахар аз назди домашон гайб задаст
Чои истикоматашон КУЙБЕШИ ш.Курган теппа
илтимос бародарони азиз ёри дихед
909778857
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ака бо хушру тар фахмонам
Лоикчон чияни ман яъне ки ман Тағаи Олимов Лоикчон мебошам ва у 3-сола мебошад рузи 24_04_2017. Тахминан соати 07-08 дакика дар канали об рафтааст ва кормандони милитсия сари вакт омада муаян кардан ки дар об рафтаасту ва пойафзолашро худи хамон руз аз канали об ефтан ва тасдик шуд ки дар хакикат дар об рафтаст ва ман нафахмида гум шуда элон намудам ин хато мабошад дар хакикат Олимов Лоик оби шудааст баром дарети кудак каналхои обгузаро дида истодан ва аз ахли чамоъат ва кормандони милитсия минатдорем ки бо хамрохи мо кофтуков намудаистоданд ки аз ягон канал дарёт намоем

Ин ака бо хушру тар фахмона

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!