Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ

1 апрел 2013, 13:59

Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, 15-уми марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин ( ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Баъдан дар ҳамон ҷо ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз менамояд.

Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил мешавад ва соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Пас аз дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • д

  • 1 апрел 2013 14:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба мо шинохтани у чи ло3им? Бо кадом кораш ,?барои чанги попуши?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи мора шинос мекунен ...мо барвакт медонем кору борша.....
Посух додан
  • Бону

  • 13 апрел 2013 09:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инкас касе нест, ки нашиносанаш албата дар вакти Вазири маориф буданаш сохаи маориф хелохам пеш рафт афсус ки душманаш зиёд аст нисбаташ гапои бисёр мегуянд Устоди азиз Шумо хечвахт дилшикаста нашавед харкасро худо худаш медонад ки чихел аст ба худо супоред.
Посух додан
  • Саид

  • 4 июн 2013 07:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта мешиносанд
Ин вазирест ки ба сари хонандахо дод зада хакорат кардаги
Пои духтарора чен кардаги
Манъи попушии духтаро шудаги чунки ба у туфли маъкулай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба Саид,


Ман ба фикри Шумо рози, ки ба баъзе нафарон ислохоти ин шахс маъкул нест. Лекин барои чи корхои хубаш номбар намешавад.
Шояд барои точики худамон, ки тавармусалмон хастем баъзе усулхои анъанави ба кор намераванд. Агар аклат дар чояш бошад як маротиба назар карди ба сару либосхои хозираи донишчуёнро ???? Баъзе донишчу духтарон мебахшетон аз танфурушхои кади рох фарк намекунанд ??? Пас Шумо фикр намекуни аз хамин либосхо хазор маротиба либоси ягонаи мактаби хуб аст ? Як кас дорад пул ва як кас надорад ? Пас барои чи ин пахлуи масъала фикр карда намешавад ????

Пеш аз оне, ки танкид кунед, дигар пахлуи масъаларо низ гуфтан даркор ???

Аламовараш ин аст, ки баъзе шахсе, ки дуруст хатто нависта наметавонад, шархи хол дода истодааст .....................

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!