Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 23:52

Ҷоми Тоҷикистон-2013: 11 дастаи лигаи олӣ мубориза мебаранд

1 апрел 2013, 14:23

Дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон 11 дастаи лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2013 қувваозмоӣ мекунанд.

Даври аввали қувваозмоиҳо рӯзи 6-уми апрел шурӯъ мешавад. Нахуст дастаҳои “Истиқлол”- “Вахш”, “Хайр” - “Панҷшер”, “Регар ТадАЗ”-“Хуҷанд” ва “Парвоз” СКА “Помир” бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки барандаи Супер ҷоми Тоҷикистон шуд, дар даври аввал ширкат намекунад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта 14 дастаи лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2012 қувваозмоӣ намуданд, ки дастаи “Регар ТадАЗ”-и Турсунзода барандаи ин ҷом шуда буд.

Дастаҳои “Гвардия”-и Душанбе, “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Ҳосилот”-и Фархор, ки соли гузашта барои Ҷоми Тоҷикистон-2012 иштирок доштанд, дар мавсими имсолаи футбол ширкат намекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!