Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Феҳристи афроди гумшуда аз торнамои ВКД куҷо шуд?

2 апрел 2013, 09:20

Феҳристи беш аз ҳафтод нафари гумшуда дар торнамои Вазорати умури дохилӣ, ки боиси баҳси зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, ду рӯз қабл аз ин торнамо бардошта шуд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, азбаски қисмати аслии ин афрод пайдо шудаанд, феҳрист низ ҳазф гардидааст.

Ӯ мегӯяд, “аз 50 нафари ноболиғе, ки дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ гум шуда буданд, 7 нафари дигарашон пайдо нагардидаанду халос. Феълан ин ҳафт ноболиғ дар ҷустуҷӯй қарор доранд, ки ду нафари онҳо –Сабина ва Малика Араловаҳо мебошанд.”

Дар авохири моҳи март бо кумаки яке аз фаъолони Фейсбук Аюб Эгамов мо рӯйхатеро аз торнамои Вазорати умури дохилӣ дастрас кардем, ки бар асоси он дар се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ беш аз 70 нафар гум шудаанд. Инҳо афроде буданд, ки наздиконашон барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани онҳо ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кардаанд.

Аз 78 нафаре, ки дар се моҳи сипаришуда бедарак шудаанд, қисмати аслии онҳоро ноболиғону духтарон ташкил медоданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!