Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

Оё низоми раводид (виза) бо Ҷопон лағв мешавад?

2 апрел 2013, 11:07

Мақомоти Қирғизистон мехоҳанд, низоми раводид ё виза миёни ин кишвар ва Ҷопонро бекор намоянд.

Бино ба хабари расонаҳо, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 2-юми апрел аз парлумони ин кишвар хостааст, то Ҷопонро дар феҳристи давлатҳое қарор бидиҳанд, ки шаҳрвандони онҳо бидуни раводид метавонанд вориди Бишкек шаванд.

Ба гуфтаи Ҳусейн Иосев, котиби давлатии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, бекор намудани низоми раводид бо Ҷопон тасмими худи ҳукумати кишвараш мебошад, ки қаблан гирифта шуда буд. “Бар асоси қонунҳои қабул гардида бояд низоми раводид миёни 44 кишвар бекор карда мешуд, ки Ҷопон ҳанӯз ҳам ба ин рӯйхат дохил нашудааст”,-афзуд номбурда.

Ёдрас менамоем, бар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба «Қонун дар бораи ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид”-и Қирғизистон ворид шудааст, шаҳрвандони бархе аз кишварҳо метавонанд бидуни раводид ба муҳлати то 90 рӯз вориди Бишкек шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!