Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Хатнасурро як сӯ гузоред, хатти барқ кашед!

2 апрел 2013, 12:03

Аслиддин ДОСТИЕВ

Дар ҳоле ки аҳолии Точикистон тӯли тақрибан ним сол аз камбуди барқ ранҷ мекашанд, 173 русто дар вилояти Хатлон тамоман аз он маҳрум мондаанд.

Қисмати зиёди деҳоти бе хатти барқ ба навоҳии минтақаи Кӯлоб рост меояд. Ба иттилои Мирзо Исмоилов, сардори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб», то 1-уми январи имсол дар ин минтақа 110 деҳа бе барқ будаанд. Дақиқтараш, ба ин рустоҳо аслан хатти барқ кашида нашудааст.

Мирзоев мегӯяд, беш аз 50 фисади ин деҳот баъд аз соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтаву дар онҳо камтар аз 10 хонавода ба сар мебаранд. Дар баъзеи дигарашон умуман касе зиндагӣ намекунад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, бо ташаббуси ин идора дар соли гузашта ба 10 деҳае, ки аҳолии зиёдтар доранд, хатти барқ кашида шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ғайбуллоҳ Авзалов, раиси вилояти Хатлон, дар маҷлиси ҷамъбасти солона дар ҳузури нахуствазири ҷумҳурӣ дар мавриди мушкили барқ барои рустоҳо ҳарф зада, аз ҷумла қайд карда буд, ки дар 173 деҳаи вилоят хати барқ умуман кашида нашудааст. «Ҳамаи ин деҳоти бебарқмонда дар навоҳии минтақаи Кӯлоб мебошанд. Аммо вазъият дар ҷамоатҳои деҳоти Сари Хосори Балҷувон, Чилдухтарони Мӯъминобод, Дашти Ҷами Шӯрообод ва Шугнови Ховалинг ниҳоят ташвишовар аст. Аҳолӣ дар ин маврид тамоман аз иттилоот ва рӯйдодҳои ҳатто чумҳуриявӣ бехабар мемонанд. Дар ин бора якчанд маротиба ба ҳукумати чумҳурӣ расман муроҷиат кардаем, вале муттаасифона, то ҳанӯз аз он ҷониб ҷавобе нагирифтаем».

Дар ҳамин маҷлис Авзалов аз Оқил Оқилов хоҳиш намуд, то дар ҳалли мушкили сокинони бебарқмонда, кӯмаки бевосита намояд. Аммо бо гузашти 3 моҳ, ҳанӯз ҳам дар ин маврид аз ҷониби мақомоти давлатӣ коре ба анҷом нарасидааст. Аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо гузашти на танҳо моҳҳо, балки даҳсолаҳои дигар ҳам ба рустоҳои кӯҳдоман бо ташаббуси мақомоти давлатӣ хатти барқ кашида намешавад.

Ба қавли онҳо, дар ин маврид сокинони маҳаллиро лозим аст, то ба қувваи худ ва маблағи худ мушкилашонро ҳал намоянд, ҳарчанд барои сохтмони он маблағи зиёде зарур мешавад. Инчунин, метавон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ низ истифода бурд, зеро ин гуна усули сармояҷалбкунӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ба гумони ғолиб, месазад то ба хатнасурҳову тӯйи арӯсиву домодиҳое, ки бо як супорише ба «эстафета»-и соҳибкорону мақомоти давлатӣ табдил ёфтааст, хотима додану ба корҳои воқеан арзандаву савоб, аз қабили кашидани хати барқу об, бунёди роҳҳо ба маҳаллаҳои эҳтиёҷманд, соҳибкорону савобҷӯёнро даъват кард.

Аммо, агар ҳукумати маҳаллӣ аз ҳисоби буҷа ин корҳоро ба анҷом мерасонид, боз хам хубтар мебуд. Танҳо набояд гуфт, ки маблағи буҷаи ноҳия барои бунёди чанд километр хати барқ ва харидории ноқилу симчӯб намерасад. Вале агар воқеан ҳам инчунин бошад, пас ҳукумати ноҳия ба чӣ кор меояд???


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!