Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Феҳрасти ашхос ва созмонҳои сарпарасти терроризм ба нашр расид

7 июл 2011, 04:41

Нашрияи «Росийская газета» ахиран,  номи ашхос ва рӯйхати ташкилотҳои сарпарасти амалҳои терористиро нашр кард.



Аз ҷумла 401 нафар ва 104 ташкилоти хориҷие низ ба ин феҳраст  шомил будаанд, ки Русия номи онҳоро бо забони русӣ сарпарасти терроризм навиштааст . Тавре худи масъулини ин нашрия гуфтаанд, қисмате аз ин рӯйхатро вазорати адлияи Русия манзур намудааст ва қисмати сарпарастони терорризми байналхалқиро аз рӯи маълумоти расмии СММ мураттаб кардаанд.
Ҳамчунин, маълумоти сареҳе дар бораи фасоди молии ин ташкилотҳо низ  ба табъ расидааст, ки ниҳодҳои молиявӣ дар мавриди доир намудани амалиётҳои бонкӣ метавонанд, аз он васеъ истифода кунанд, гуфтаанд, масъулини «Росийская газета».
Дар рӯйхат 46 созмони фаъоли Русия ва 1510 нафар ашхос номнавис шудаанд, ки дар Русия ба сар мебаранд ва аммо номи шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин қатор вомехӯранд. Бино ба маълумоти вазорати адлияи Русия шаҳрвандони хориҷие, ки дар амалҳои тахрибкории Русия даст доштаанд ва ё доранд, ба ҳамин рӯйхат шомил карда мешаванд.
Гуфтанист, дар қатори созмони машҳури «Ал- қойида» ташкилотҳо ба мисли «Ҷамъияти маданияти веди русҳои ориёӣ» ё худ «Ордени шарафи Шайтон» низ ба қайд расидаанд, ки  касе аз фаъолияти онҳо то имрӯз умуман маълумот надоштааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!