Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

“Регар-ТадАЗ” дар майдони худ аз “Қувайт” шикаст хӯрд

2 апрел 2013, 17:30

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дар бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А”, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд аз тими “Қувайт”-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Голи якуми сабқатро Иссом Ҷумъа-бозигари дастаи “Қувайт” дар дақиқаи 19-уми дидор ба ҳадаф расонид ва ду голи дигар дар нимаи дуюми бозӣ вориди дарвозаи дастаи "Регар-ТадАЗ" гардид. Футболбозони "Регар-ТадАЗ" танҳо ба як голи меҳмонон посух гуфта тавонистанду бас.

Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, ки фардо каҳрамони феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, дар бозии сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D”, дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувейт ба сабқат мебарояд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯбарӯ гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мошкалла

  • 2 апрел 2013 23:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо аз бозии футболбозони точик халоват бурдем. Дар хакикат бо сарварии чаноби Рустами Эмомалй футболи точик ояандаи дурахшон дорад! Аз ин зиёд боз шармандагй хаст ё не? Казоват бо шумо!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!