Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Эмомалӣ Раҳмон -- номзади ягона ба мақоми президентии КМО

2 апрел 2013, 16:12

Фардо, 3-юми апрел, ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII-и кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа фаъолияти чаҳорсолаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баррасӣ шуда, раёсати нави КМО ҶТ барои чаҳор соли оянда интихоб мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ дар ҷаласаи қаблии Кумитаи миллии олимпии кишвар, ки рӯзи 15-уми март баргузор гардид, аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии кишвар, Эмомалӣ Раҳмонро номзади ягона ба ин мақом пешбарӣ кардаанд. “Бар асоси Оинномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президенти КМО барои чор соли дигар дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII кулли КМО ҶТ интихоб мешавад.”-афзуд манбаъ.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле пешбарӣ шудааст, ки ӯ аз моҳи феврали соли 2009 вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сарбаланд

  • 2 апрел 2013 23:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар дар Точикистон ягон одами бекор нест,ки ин вазифаро супоранд? Хозир замонаи Сталин не... Афсус ачаб замонае як шахс сад вазифа дораду...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!