Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:14

Хадамоти муҳоҷират Абдулло Қодириро муҷозот кард

2 апрел 2013, 16:58

Раҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон сухангӯи ин ниҳод Абдулло Қодириро барои роҳ надодани хабарнигорон, аз ҷумла хабарнигори "Озодагон" ба нишасти матбуотӣ муҷозот кардааст. Хадамот дар номаи худ, ки ба унвонии "Озодагон" фиристод, гуфтааст, аз Абдулло Қодирӣ тақозо шуд, дар оянда ба чунин қонунвайронкуниҳо роҳ надиҳад.

Дар номаи расмии ин ниҳод, ки бо имзои С.Абдуллоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷират дастраси мо шуд, омадааст: "Ба хотири нофаҳмие, ки байни кормандони Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Хабаргузории «Озодагон», рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» дар масъалаи иштирок дар нишасти матбуотӣ (31.01.2013) рух дода буд, қайд карданием, ки аз тарафи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба Сардори Шӯъбаи робита ба ҷомеа ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд."

Дар поёни нома омадааст, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабаргузории "Озодагон", рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» ҳамкорӣ менамояд ва дар ҳама ҳолат омодааст, ки оид ба фаъолияти хадамот ба саволҳои онҳо посух бидиҳад.

Ёдрас менамоем, 31-уми январи соли 2013 Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид шудани хабарнигорони "Озодагон", рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» ҷилавгирӣ карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бар "Озодагон"! Дилам бар Кодири сухт, ки гунохи каси дигаре дар сари у шикста шуд.
Посух додан
  • Ҷияни тағо

  • 2 апрел 2013 17:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳай созаш кардан дааа хахахахах
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аст сазои сари касе, ки андешаи фарди надорад ва худро барои касе курбон мекунад ва ё дар назди "ШЕФ"-аш худнамои мекунад. Фаромуш накун огои Кодири, ки махз хамин расонахои мустакил туро ва шахси туро муаррифи карда буданд. Аз ин ба баъд хар чизе мегуи аз номи худат бигу. Вечер добрый
Посух додан
  • Хонанда

  • 2 апрел 2013 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як ду хокзанакора хамитари кнан дига пешпртаки намекнан.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!