Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Номаи дастгоҳ, “камбудӣ”-и Девонаев ва муҷозоти Абдулло Қодирӣ

2 апрел 2013, 19:52

Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки қонун дар бораи матбуотро риоя намоянд. Ин нукта дар посухи масъулони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба нашрияи “Имрӯз Нюс” таъкид шудааст.

Ин тақозо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар авохири моҳи январ масъулони Хадамоти муҳоҷират монеи иштироки бархе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии Сафиалло Девонаев шуда буданд. Бар асоси номаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, зимни як машварат Сафиалло Девонаев амали масъулини Хадамоти муҳоҷират нисбат ба хабарнигорони нашрияи “Имрӯз Нюс” ва хабаргузории “Озодагон”-у ҳафтаномаи “Наҷот”-ро камбудӣ унвон кардааст.

«Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират вазифадор карда шуд, ки минбаъд ба чунин муносибат роҳ надиҳад ва ҳамкориро бо тамоми воситаҳои ахбори омма, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монад»,-омадааст дар номаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабарнигоронро ба нишасти матбуотиаш тибқи рӯйхат роҳ дода, журналистони рӯзномаи “Имрӯз Нюс”, ҳафтаномаҳои ”Озодагон”, ”Фараж” ва нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - “Наҷот” ба ин нишаст роҳ наёфтанд. Сабаби ба "рӯйхати сиёҳ" афтодани ин хабарнигорон, бино ба гуфтаи намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, матолиби интиқодии нашрияҳои мавриди зикр будааст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тайи як нома ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳодро барои роҳ надодани хабарнигорон ба нишасти матбуотӣ муҷозот кардааст. Хадамот аз ҷаноби Қодирӣ хостааст, ки минбаъд ба чунин қонунвайронкунӣ роҳ надиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин хамном! Шумо хам ба зуди ба кавли худатон "крайный"-ро ёфтед ва мучозот кардед. Яъне дар монеъ шудан ба фаъолияти рузноманигории журналистон ва иштироки онхо дар нишасти матбуоти Шумо гунохе надоред ва дастуре надодаед? Абдулло Қодирӣ бе ичзати Шумо худ даромадани журналистонро ба нисшаст манъ кард? Хар балоедар хадамот ояд бар сари журналист меояд гуед. Яъне дар ин казия низ дар нихояти кор гунахкор боз жарналист шуд. wink
Ман ба Шумо коил. Вакте аз чунин шармандаги ба осони рахо ёфтед ва аз оби лой хушку тоза баромадед, дар оянда низ "муваффак" хохед шуд! Бо чунин усул корро идома дихед в Кодириро гуед, ки минбаъд низ рох надихад. Бечора боз худаш гунохро ба душ мегирад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон чи хел Кодири гунахкор будааст? Дар маколае хонда будам, ки бо супориши Девонаев Кодири журналистонро даромадан намондааст. Пас аз ин фахмида мешавад, ки гунахкори асоси Девонаев аст. То хато сабабашро низ дар хамон замон гуфта буд.
"Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тайи як нома ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳодро барои роҳ надодани хабарнигорон ба нишасти матбуотӣ муҷозот кардааст."- Кодири табакро ман лесидам ту бишуй куфтаниро мемонад. Девонаев худашро бо инрох сафед кардан мехохад. Хай харчи боу бод охир у д........... ку
Посух додан
  • ХАКИКАТ

  • 13 август 2013 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба Девонаев савол дорам:-дар кадом асос дар бозори "Шохмансур" теъдоди зиёди бародарони "узбакистони"бо ичозат ва "бе ичозат" фаъолият доранд?.Дар холе,ки дар Ч.Узбакистон ягон точик хатто ба хайси кучаруб кор карда наметавонад.Гузашта аз ин дар худуди шахри Душанбе аз хад зиёд "табор"-хои молдаванхо пайдо шудаанд,ки ба андешаи мо бе максад ба ЧТ ташриф наовардаанд.Мухтарам Девонаев! барои чи он "приннцип"-хои худнамоиро барои рафъи ин масъалахо сафарбар намекунед?Хайр, узбакаш хешу таборат/инро инкор кардан намешавад/ молдаван чи мешавад?Ё Чаноби Оли вазифаро дод гуфта дига хамаро фаромуш карди?Ба он маълумоте,ки мо дорем корхона дар холи хозир давлати аст,бародар камтар инсоф хам даркор....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!