Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

15 голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Бутан (Видео)

3 апрел 2013, 08:57

Даври якуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “С” миёни футболбозони то 14-сола дар шаҳри Катманду-пойтахти Непал баргузор гардид.

Мунтахаби навраси Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқа таҳти раҳбарии сармураббӣ, Раҷаб Расулов ҳунанрнамоӣ мекунанд, дирӯз, 2-юми апрел нахустин бозияшонро бо мунтахаби наврасони Бутан бо ҳисоби калони 15:0 анҷом доданд. Голҳоро бозигарони даста-Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аббос Раҳмонов, Самадҷон Шарифов, Хуршед Абдуллоев, Умарҷон Шарифов ва Самандар Ризомов дуголӣ, Саидмухтор Азимов, Зиёвиддин Фузайлов ва Ҳувайдо Малиев ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби - Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон байни ҳам мубориза мебаранд. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон-Непал баргузор гардида бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Футболбозони навраси Афғонистон анҷом ёфт. Феълан мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сеимтиёзи ба дастоварда ва мутаносибан Тоҷикистон садри ҷадвал ва Афғонистон дар мақоми дуюм аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4-уми апрел бо дастаи Непал ва 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон ба сабқат мебарояд.
Мусобиқаи мазкур дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел доир мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!