Бахшҳо

Райиси вилоят: Ба ҳосилнокии зироат диққати ҷиддӣ дода намешавад

Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сокинони шаҳру деҳоти минтақа баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, зимни нишаст беш аз 5 ҳазор сокинони шаҳру ноҳия ширкат карда, вохӯрӣ дар фазои озод сурат пазируфт. Расулзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии  шаҳри Исфара  соҳаи саноат  ҷои намоёнро ишғол менамояд. Зеро аз фаъолияти мураттаби он  пешрафти иқтисодиёти шаҳр, ғанӣ гардонидани буҷет, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ вобастагии зич дорад. Дар айни ҳол корхонаҳои саноатӣ наздик 40 фисади қисми воридоти буҷети маҳаллиро таъмин менамоянд.
Райиси вилоят афзуд, тайи панҷ моҳи соли равон аз 20 корхонаи саноатии шаҳр 6 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро коҳиш дода, 3 корхона тамоман фаъолият накардаанд. Солҳои охир коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мушоҳида гардида, коҳишёбии саҳми он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят идома дорад. Агар ҳиссаи он дар соли 2006 – 8,4 фоизро ташкил намояд, пас он дар соли 2010 ба – 3,6 фоиз баробар  шудааст.
- Аз таҳлилҳо бармеояд, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияи Исфара ба ҳосилнокии зироатҳо кам аҳамият медиҳанд, - гуфт, Қоҳир Расулзода дар поёни нишаст.
Бино ба қавли сарчашмаи хабар, мулоқоти навбатии райиси вилояти Суғд рӯзи 12-уми июл бо сокинони шаҳри Истаравшан баргузор хоҳад шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)