Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Чор донишгоҳи Тоҷикистон дар “шӯхӣ” бо ҳам рақобат мекунанд

3 апрел 2013, 12:26

Кохи «Ҷомӣ»-и Душанбе, рӯзҳои 5 ва 6-уми апрел, мизбони даври ниҳойии маҳфил-озмуни телевизионии зарифон ё «Маҳзар» хоҳад шуд. Дар ин бора ба «Озодагон» Носири Сайдализода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикисон, ки аз ташабускорони ин маҳфил аст, хабар дод.

Ба қавли вай дар қисмати ниҳойии сабқат дастаҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорат (Тоҷири аҷам), Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав (Левакан), Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (Варзишгар) ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Мувофиқи барномаи таъиншуда дар озмун танҳо донишҷӯёни макотиби олии ба финал баромада ҳаққи ширкат дошта, ба ҳайати даста ворид намудани донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ ва санъаткорони касбӣ қатъиян манъ аст»,-афзуд Носири Сайдализода.

Донишҷӯён аз рӯйи озмунҳое назири «Саломнома», «Суруди ҳаҷвӣ», «Саҳначаи ҳаҷвӣ», «Суолнома» ва «Тақлид» бо ҳам рақобат хоҳанд кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!