Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Иброҳим Усмонов: “Либос набояд ченаки ақлу фаросат бошад"

3 апрел 2013, 13:07

Ҳафтаи гузашта масъулони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтанд, ки духтарони донишҷӯ бояд бо кашфҳои пошнабаланд дар дарсҳо ҳозир бишаванд. Хабарнигори “Озодагон” бо чанде аз соҳибназарони тоҷик ин суолро дар миён гузошт, ки “баҳсҳое ба монанди риш, либос, галстук, ҳиҷоб, мӯй ва ниҳоят пошнаи баланди кафш баёнгари чист?”

Иброҳим Усмонов, профессор:

“Аксарият фаҳмиши гуманитарӣ доранд. Агар ҷавонҳои мо фаҳмиши умумитехникӣ медоштанду ба зиндагӣ ба таври метофизикӣ назар мекарданд, баҳси мазкур дар назарашон хандаовар менамуд. Чӣ ва чӣ гуна пӯшидан, баҳс мешавад, аммо мо набояд ҳамарӯза атрофи ин масоил фикр бикунем. Мо бояд дар бораи фаро гирифтани дониш, тарзи зиндагӣ, муносибат ба ҳамдигар, дастгирӣ кардан, ҳақиқати зиндагиро пайдо кардан, коре ба миллат анҷом додан, бояд дар мавриди ин чизҳо фикр ва баҳс анҷом бидиҳем. Мо бояд мафкураи гуманитарии худро ба мафкураи умумитехникӣ табдил бидиҳем. Дигар дар бораи чӣ гап зананд, вақте салоҳияти инкишофро надорем. Агар, воқеан, тарзи дурусти муосири истироҳату зиндагиро дар ҳаёт медоштем, шояд дар бораи он баҳс мезадем. Чунин арзишҳо нестанд ва барои ҳамин мо дар бораи ин масоил фикр мекунем. Ҳол он ки либос танҳо муаяйнкунандаи қолаб аст. Ба даруни қолаб бояд таваҷҷӯҳ кард. Баъзе зоҳирҳое ҳастанд, ки дохилашон пуч. Вале ҳаст зоҳирҳое, ки ба мо писанд нест, вале дохилаш пурмағз. Ҳастанд нафароне, ки пойфишорӣ мекунанд духтарон либоси сирф миллӣ ё ҳиҷоб ба бар кунанд, ё ин ки аз либоси аврупоӣ даст кашанд. Аммо ин дуруст нест. Ҳастанд касоне, ки сатр надоранд, аммо имони комил ва устувор доранд, метавонанд либоси аврупоӣ дошта бошанд, вале хеле имонашон қавист. Ҳастанд касоне, ки либоси деҳқонӣ доранд, аммо дар ботин интеллегенти ҳақиқӣ ҳастанд. Либос набояд тарозуи баркашии ақлу фаросат бошад.”

Барзу Абдураззоқов, коргардони театр:


“Вақте ба баррасии ҷомеа чунин як масъалаҳои ночизро мебароранд, ба монанди чӣ бояд пӯшӣ, кафшат бо пошнаи баланд бошад ё галстук, вақте 8 миллион аҳолӣ атрофи чунин масоили беарзиш чарх мезанад, пас, ин маънои онро дорад, ки дар ҷомеаи мо як холигие ба вуҷуд омадааст. Ин кишвари демократӣ ва мутамаддин ҳаст, касеро бояд коре набошад, ки ӯ ба дарс бо галстук ҳозир шудааст ё на. Шояд ба ман риши касе писанд нест, аммо ман ба ӯ чӣ кор дорам, ин интихоб ва ҳаққи ӯст. Ман дарк мекунам, вақте дар донишгоҳҳое ба монанди Оксфорд ва Кембриҷ либоси ягона барои таҳсил ҳаст. Онҳо мехоҳанд намоиш бидиҳанд, ки дар як донишгоҳи бонуфуз таҳсил мекунанд, онҳо дарк мекунанд ки чунин як анъана ҳаст. Вале вақте ба шим ва андозаи риш кор мегиранд ва ба мо тавсия медиҳанд, ки чӣ ба бар кунем, аз ҳама бадаш вақте мардум ба ин гуна фармон сар мефарорад, аз ин ҳарос дорам. Ман чӣ гуна андеша дошта бошам, чӣ бояд ба бар кунам, ин кори ман аст. Набояд касе омода бошад, то ба ҷои ӯ дигарон интихоб бикунанд. Мо бояд масоилеро матраҳ бикунем ба монанди ба кадом созмон ворид бишавем, агар ворид шавем чӣ мешавад. На масоили зоҳиру либос.”

Зафари Мирзоён, фарҳангшинос:

“Ба фикри роҳбарони донишгоҳ дар мавриди пӯшидани кафши пошнадор мегӯянд, шояд ғамхорӣ бошад то андозае. Чаро? Дуруст аст, ки кафши расмиёт ҳаст ва баъзе варзишӣ мепӯшанд. Мо дар замони Шӯравӣ кафши варзишӣ мебурдем бо худ. Бохирадӣ ҳаст, вақте раҳбарон гуфтанд, ки бе пошна напӯшед. Бе пошна ин моли Чин ҳаст. Бисёр сифати паст дошта, аз маводи синтетекии бӯйнок омода мешавад, ки ҳатто ба рафтори духтарон таъсир мерасонад. Ҳамон пошнадор бошад роҳгардии духтарон дигар мешавад. Донишгоҳ ин макони ташаккул ёфтани шахсият аст. Ҳиҷоб ин хоҳиши ҳамон диндорон ҳаст, ки мехоҳанд ҳама духтарон зери ҳиҷоб бошанд. Дар Қуръон гуфта шудааст, ки дар пеши номаҳрамон қисматҳои барҷастаи занон пинҳон бошад. Ҳамаамон сатр пӯшем, аммо ин асри ҳаракату талош ҳаст. Дар автобус савор шуда рафтану дар корхонаҳо кор кардан аст. Дар кишваре, ки гарм аст, гумон мекунам, хуб нест. Мухолифи ин чиз ҳастам. Галстук дар донишкадаҳо қобили қабул аст. Вале, вақте панҷсолаву ҳафтсолаву даҳсола мебандад, ки чунин набояд бошад. Ман ҳеч бадие надидам дар тавсияи Донишгоҳи омӯзгорӣ. Дар замони мо ба духтарон роҳгардиро меомӯхтанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зафари Мирзоён хам ба дарди махал гутидаст. Аз хамшахрияш дифоъ мекунад. Зиёи набояд тафаккури махаллияшро ба намойиш гузорад. Иброхим Усмонов худаш вакте ба дарс мегуфт, касе, ки галстук надошт аз синф берун мекард, холо чаро чунин аст. Уффффффф. сарам кафид аз чомеаи бебанду бор.
Посух додан
  • Suhrob

  • 8 апрел 2013 20:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Imbohim Usmon suxani behtarin guftast, ba libosi shaxs boyad kordor naboshem, Barzy ofarin, Zafari Mirzoiyon misli kamuniston fikr doshtast. Xudo hamai mora hidoyat kunad va tavfiq dihad ba millatu xalqamon xidmat kunem
Посух додан
  • aли

  • 1 июл 2016 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст аст, ки либоси хос ба миллати точик ба хамаи мо зебанда аст, лекин ба атроф нигареду, фикри глобализацияро кунед! Вакте ки мо ба донишгох барои супоридани зачёту имтихонхомон бо "шортик", меомадем (дар Россия) омузгорон барои либос не барои донишамон бахо медоданд, боре хам ба мо ягон муаллим нагуфта буд, ки "ту галстук дори ё не". Донишгоххои мо аз 100 хатмкунанда 1 мутахассис мебарорад. либос не сифати омузиш мухим аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!