Фестивали китобҳои кӯдакона дар Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб фестивали «Китобҳои кӯдакону наврасони Точикистон» таҳти унвони «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ» оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи он, ки дар китобхонаи марказии ба номи Айнӣ сурат гирифт, намояндагони илму адаб иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба гуфти дастандаркорони фестивал, ин маросим дар баланд бардоштани савияи дониш ва маърифатнокии муҳассилини макотиб таъсири мусбӣ хоҳад расонид. Дар барномаи чорабинӣ намоиши китобҳои кӯдакона, расму сурат аз «Иди китоб» ва маҳфилҳои адабӣ пешбинӣ шудааст.
Аммо як масъули китобхонаи бачагонаи шаҳр мегӯяд, вақтҳои ахир тақрибан китобҳои адабиву афсонавӣ барои кӯдакону наврасон нашр намешаванд. Дар ин фестивал ҳам гӯё китобҳои афсонавӣ барои хурдсолон ба намоиш гузошта нашудааст. Ба гуфтаи ин масъул, дар китобхонаи бачагона беш аз 70-фисади адабиёти бачагона адабиёти русӣ будаанд, ки ҳаргиз дархӯрди кӯдаки тоҷик буда наметавонанд.
Фестивал тайи як ҳафта идома дошта, рӯзи 9-уми апрел чамъбаст мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |