Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Вакили мудофеъ: “Шикояти Раҳмонов аз болои хабарнигор асос надорад”

3 апрел 2013, 17:52

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ (адвокат)-и “Азия-Плюс”, шикояти Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, аз болои хабарнигори ғайриштатии ин нашрия -- Марҳабои Ҳокимро “беасос ва бемантиқ” хонд. Рӯзи якуми апрел ҷаноби Раҳмонов аз болои Марҳабои Ҳоким ба идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурда, фаъолияти ӯро ғайриқонунӣ дониста буд.

Ба гуфтаи Қудратов, аризаи даъвогии Абдуҷаббор Раҳмонов феълан аз сӯи Умаралӣ Муҳриддинов, муфаттиши шӯъбаи тафтишоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар ҳоли баррасист. “Муфаттиши ин ариза то ҳол ба хулосаи дақиқ наомадааст ва нисбат ба ин ариза ягон қарор қабул нашудааст”,-мегӯяд Қудратов.

Мусоҳиби мо илова кард, ки то ҳоло дар робита ба ин масъала ба назди раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон нарафтааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, “ягон асосеро намебинем, ки бояд ба назди Раҳмонов равем. Чаро ки шикояти ӯ нисбат ба хабарнигор беасос аст ва умуман ин гуна аризаҳо набояд аз тарафи кормандони шӯъбаи умури дохилӣ қабул карда шавад. Чунки рӯзноманигор дар ин ҷо ягон қонуншиканӣ накардааст, балки аз рӯи қонуни матбуот амал кардааст.”

Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо хостаанд, ки бо кашфҳои пошнапаст, аз ҷумла «иринка» ба дарсҳо ҳозир нашаванд. Марҳабои Ҳоким, хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс”, субҳи якуми апрел ба Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтааст, то бубинад, ки воқеан духтаронро маҷбур мекунанд, ки ба Донишгоҳи омӯзгорӣ бо кашфҳои пошнабаланд биоянд, ё хайр. Марҳабои Ҳоким мегӯяд, баъд аз он ки бо чанде аз донишҷӯён сӯҳбат карда ва хостааст шарҳи Абдуҷаббор Раҳмоновро ҳам бигирад, раиси донишгоҳ дастгоҳи аккосӣ ва дастгоҳи сабти ӯро гирифтааст.

Хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс” бовар дорад, ки дар ин маврид аз доираи қонунҳои ҷории Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма берун по нанаҳидодааст.


Дар акс: Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!