Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

100-мошини пур аз китобу мусаввара ба Душанбе ворид гардидааст

7 июл 2011, 06:10

Маросими тақдими китобҳо аз ҷониби маорифчиёни Тоҷикистон ба китобхонаи миллии кишвар идома дорад.


Тавре ба «Озодагон» Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии вазорати маориф иттилоъ дод, дар ин   чоарбинӣ  вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини нахуствазири Тоҷикистон бону Руқия Атоева иштирок доранд. Бино ба қавли ӯ, то ҳамин соат аз тарафи вазорати маориф ба китобхона 14-ҳазор , аз сӯи донишгоҳи милли Тоҷикистон 41- ҳазор, аз ҷониби донишгоҳи омӯзгорӣ 15-ҳазор   нусха китоб  супорида шуд.
Манбаъ афзуд,дар ҳоли ҳозир тақдими китобҳо аз тарафи дигар донишгоҳу муасиссаҳои касбию таълимӣ идома дорад. Аз 100 мошини воридгаштаи китоб, 80-тои он аз бор холӣ шуда, 20-нақлиёти дигар то қабл аз зӯҳри имрӯз китобҳоро тақдим хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маорифчиён зиёда аз 350 ҳазор нусха китобҳоро барои тӯҳфа пешниҳод карданд. Китобу мусаввара ва ашёву адабиёт ба таври ихтиёрӣ ҷамъоварӣ гардида, аҳли маорифчиёни Тоҷикистон тасмим доранд, дар маҷмӯъ ҳудуди 1 миллион нусха китоб ба китобхонаи миллӣ тақдим намоянд, гуфт Нуралиев. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!