Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:36

ВКД барои радди қарори додгоҳ дар мавриди Сангов як рӯзи дигар дорад

4 апрел 2013, 09:53

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои шикоят аз болои қарори додгоҳ дар мавриди пардохти 10 ҳазор доллар ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як рӯзи дигар муҳлат дорад.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Сафаралӣ Сангов, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, намояндагони ВКД дар додгоҳ аз ин қарор изҳори норозигӣ карда буданд: “Аммо то ҳол аз болои он ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят набурдаанд. То 5-уми апрел муҳлат доранд ва пас аз он ҳукм қувваи қонунӣ мегирад ва мақомот уҳдадоранд қарори додгоҳро иҷро кунанд.”

Додгоҳи ноҳияи Сино аввали моҳи март қарор баровард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки аз шиканҷаи маъмурони пулис фавтида буд, ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Холматова ин бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аст, ки додгоҳ барои татбиқи шиканҷа як ниҳоди қудратиро ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кардааст. Дар паи ин қарор модари Баҳриддин Шодиев, модари маҳбуси дигар, ки дар паи шиканҷаи мақомот ҷон дода буд, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз Вазорати умури дохилӣ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостааст. Гулчеҳра Холматова, ки вакили мудофеи хонаводаи Баҳриддин Шодиев, низ мебошад, дар мавриди ин қазия гуфт, додгоҳ муроҷиати хонаводаи Шодиевро дастрас карда, барои қабули қарор дар мавриди баррасии ин даъво як моҳ муҳлат дорад.

Сафаралӣ Сангов дар моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Синои Душанбе ба бемористон оварда шуда буд, вале баъди 4 рӯз даргузашт. Додгоҳи Душанбе Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов – ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт ва бар асоси қонуни афв, аз ҷавобгарӣ ҳардуро раҳо кард.

Парвандаи Сангов аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷаву бадрафтории мақомоти интизомии Тоҷикистон шуд ва маҳз ин қазия яке аз омилҳое гардид, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли 2012 дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!