Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Мушкили депутатҳо: "Тугмача" кор намекунад, монитор "мемирад"

4 апрел 2013, 14:44

Ҳумайрои БАХТИЁР

Дар ҷаласаи навбатии парлумони Тоҷикистон вакилони мардумӣ 7 масъаларо ба баррасӣ гирифта, қабул карданд. Агар қисме аз масоилро вакилон бо раъйдиҳӣ тавассути таҷҳизоти фаннӣ қабул карданд, қисми дигарро бо ҳамон «усули бобоӣ».

Бояд гуфт, дар нимаи дувуми Маҷлиси намояндагон дастгоҳҳои раъйдиҳӣ аз кор баромаданд. Албатта, агар ин ҳодиса дар мақомоти дигар ба вуқуъ ояд, шояд чандон муҳим набошад. Аммо дар ҳокимияти қонунбарор такрор шудани ин ҳолат боиси андеша аст.

Дастгоҳҳои 15-солаи парлумон

Тавре зикр кардем, ин бори аввал нест, ки дастгоҳҳои раъйдиҳии парлумон ҳангоми қабули қавонин корношоям гарданд. Дар ҷаласаҳои қабл низ вакилон аз ночорӣ даст боло карда, мавқеи худро рӯшан менамуданд. Дар сӯҳбат ба «Озодагон» Мироҷиддин Ҳакимов, вакил аз ҲХДТ ва узви Коммисия оид ба дастур ва назорати кори Маҷлиси Намояндагон, гуфт, ин мушкил хусусияти фаннӣ дорад. Зеро дастгоҳҳои мазкур бештар аз 15 сол кор карда, ҳоло корношоям шудаанд.

«Албатта, ин мушкил бартараф хоҳад шуд. Барои ин амал фурсат лозим аст, чунки МН тибқи смета ва аз ҳисоби буҷаи давлатӣ фаъолият дорад. Аз ин хотир, фурсат лозим аст, то мо барои аз нав харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурӣ ба буҷаи давлатӣ таѓйиру иловаҳо ворид намоем. Тавре Шумо медонед, мо дар як сол як бор буҷаро қабул мекунем»,-гуфт Мироҷиддин Ҳакимов.

Мусоҳиби мо дар идома афзуд, дар ҳар сурат аз кор баромадани дастгоҳи раъйдиҳӣ барои фаъолияти вакилон ҳеч мушкилиеро пеш наовардааст.

Кабирӣ дастгоҳҳоро иваз кардани буд, аммо Зуҳуров рад кард


Ин дар ҳолест, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, вакил аз ҲНИТ, аз такрори чунин ҳолат дар парлумон шикоят намуд. Ба андешаи ӯ, вуҷуд доштани машкилоти фаннӣ ба ҳокимияти қонунбарор қобили қабул нест: «Дар ибтидои соли ҷорӣ низ чунин ҳолат рух дода буд. Мо маҷбур шудем, дастҳоямонро боло бардошта овоз бидиҳем. Ҳамон замон ҷаноби Кабирӣ аз Зуҳуров хоҳиш карданд, ки имкони иваз кардани таҷҳизоти фаннӣ дар мувофиқа бо чанде аз тоҷирон вуҷуд дорад. Аммо Зуҳуров гуфт, ҳукумат худ дар пайи ивази ин техника ҳаст. Аммо то имрӯз дар ин масъала ҳеч хабаре нест.”

Ба иддаои Ҳусайнӣ, чӣ гуна вакилон даъвои ҳифзи манфиатҳои мардум мекунанд, замоне ки мушкили худро зуд бартараф карда наметавонанд.
Аммо Исмоил Талбаков, вакил аз ҲКТ, бо ишора аз вобастагии парлумон ба буҷаи давлатӣ гуфт, вакилон аз ин воқеа набояд нигарон бошанд. Ба гуфтаи ӯ, кумитаи марбут ба ин масъала машѓул буда, дастгоҳҳои мазкур ҳатман таъмир хоҳанд шуд.

Ҳукумат нисбат ба парлумон беэътиноӣ мекунад?

Дар ҳамин маврид Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, чӣ гуна баъзе вакилон аз имконияти маҳдуди буҷаи давлат мисол меоранд, дар ҳоле ки ҳар ҷаласа парлумон ширкатҳоро аз молиёт озод карда, ё ҳамчунин чанд созишномаҳои ёриҳои бебозгаштро тасдиқ мекунад. Ин вакил аз ҲНИТ аз он дар тааҷҷуб аст, ки чӣ гуна парлумон барои бартараф кардани мушкилоти фанниаш оҷиз аст. Сабаби аслии зуд бартараф нагардидани ин масъаларо ҷаноби Ҳусайнӣ дар бетаваҷҷуҳии ҳукумат нисбат ба Маҷлиси Намояндагон арзёбӣ мекунад.

Бояд гуфт, аз кор баромадани дастгоҳҳои раъйдиҳӣ ягона мушкили фаннии парлумон нест. Дар ин авохир барои хабарнигорон низ назорат бурдан аз рафти иҷлос дар баъзе ҳолат мушкил мегардад. Тавре маълум аст, хабарнигорон берун аз толори маҷлис нишаста, мубоҳисаи вакилонро назорат мекунанд. Вале ҳангоми баргузории ҷаласаҳои парлумонӣ баъзан садо қатъ мегардад. Гузашта аз ин, ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки монитор хомӯш мешаваду дар толори парлумон чи мегузарад, ноаён мемонад.

Маврид ба зикр аст, ки монитор дар парлумон дар ду ҳолат хомӯш мешавад. Тавре гуфтем, баъзан бо сабабҳои техникӣ. Вале боз ҳастанд ҳолатҳое, ки раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар рафти баҳсҳои ҷиддӣ хоҳиш мекунад, то монитор хомӯш карда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!