Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 00:59

Билайн, кай Google-ро боз мекунӣ?

4 апрел 2013, 15:52

Тӯли як ҳафтаи охир манобеи гуногуни ширкати Google, аз он ҷумла, хадамоти ҷустуҷӯ ва почтаи электронии он, барои муштариёни ширкати Билайн дастнорас аст. Масъулони хадамоти кор бо муштариён ва шӯъбаи техникӣ дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфта буданд, ки мушкили фаннӣ доранд ва мувофиқи ваъдаашон, бояд то имрӯз мушкилоти мавҷуда бартараф мегардид. Аммо муштариён ҳамоно мушкил доранд.

Аз ин пештар маъруфтарин торнамои видеоӣ – youtube.com бо амри раиси Хадамоти алоқа, Бег Зуҳуров, дар ҳудуди Тоҷикистон баста шуд. Дар номае, ки ба провайдерон дар ин хусус ирсол гардидааст, нишонии торнамои иттилоотии procella.ru низ нишон дода шудааст. Ҳамчунин, сомонаи иттилоотии toptj.com низ мушкил дорад.

Бояд гуфт, дар ҷумҳурӣ то ҳол қонун раванди бастани ин ё он сомонаро мушаххас накардааст ва ҳуқуқдонон бар онанд, ки танҳо бо ҳукми суд ё додгоҳ метавон манобеи интернетиро маҳдуд кард. Ҳолати истисноӣ танҳо ҷой доштани маводи порнографӣ ва террористӣ мебошанд.

Ҳамакнун, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба бештар аз 130 торнамоҳои гуногун, аз он ҷумла, порталҳои иттилоотӣ ва саҳфаҳои корбарони алоҳидаи шабакаҳои интернетӣ, бо амри раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастааст.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 4-уми апрел, ё 4.04, ҳамчун рӯзи ҷаҳонии Интернет қайд мешавад ва он ба рӯзи ғайрирасмии веб-мастерҳо (созандагони веб-сайтҳо ва барномасозони интернетӣ) рост меояд. Ин рӯз ба он хотир интихоб шудааст, ки ба яке аз хатоҳои интернетӣ – 404 монанд аст. Ин хато дар сурате нишон дода мешавад, ки саҳфаи мавриди назар бо сабабҳои гуногун пайдо нашавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!