Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

13.000 нафар дар ҷумҳурӣ аз хизматрасонии иҷтимоӣ бархӯрдор гаштанд

7 июл 2011, 06:38

Ҳудуди 13.000 нафар тайи шаш моҳи соли равон аз хизматрасонии иҷтимоӣ баҳравар гаштаанд.


Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд. Ин манбаъ мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2011 аз ҷониби мақомоти тобеи вазорати мазкур ба 13.217 нафар аз рӯи ҳамаи самтҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида шуданд. Аз ҷумла, дар шароити статсионарӣ 1522 нафар, будубоши рӯзона 1856 нафар, дар шароити хона 5710 нафар, табобати санаторӣ-курортӣ 708 нафар, бо аробачаҳои маъюбӣ 625 нафар, бо протезҳои пою даст, пойафзолҳои ортопедӣ ва асобағалҳо 2796 нафар таъмин гардиданд. Айни ҳол дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо 1522 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки дар қиёс бо соли гузашта 17 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 902   нафар мардон ва 620 нафарро  занон  ташкил медиҳанд, ки  180 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 559 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 127 нафар маъюбони гурӯҳи сеюм (асосан хонандагони Литсей-интернат), 558 нафар  маъюбон аз кӯдакӣ, 163 нафар маъюбони бистарӣ ва боқӣ нафақахӯрон мебошанд.        
Ҳамзамон, дар муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони “Чорбоғ” ба 20 нафар кӯдакони маъюб дар як баст ба мӯҳлати 21 рӯз табобату тавонбахшӣ расонида, ба модаронашон омӯзиш ва маслиҳат дода мешавад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!