Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Радди шикояти Раҳмонов ва ҳимоят аз Марҳабои Ҳоким

4 апрел 2013, 16:20

Умаралӣ Муҳиддинов, муфаттиши шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, аризаи шикоятии Абдуҷаббор Раҳмонов аз болои хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс” Марҳабои Ҳокимро рад кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” вакили мудофеи ин нашрия, Шӯҳрат Қудратов, хабар дод.

Ӯ, ки рӯзи чоруми апрел бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, “аризаи шикоятии Раҳмонов тасдиқи худро наёфт ва аз ин рӯ нисбат ба хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс” ягон чораи қонунӣ дида намешавад. Ин далолат аз он медиҳад, ки рӯзноманигор дар фаъолияти худ ба ягон қонунвайронкунӣ роҳ надодааст.”

Якуми апрели соли ҷорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, аз болои Марҳабои Ҳоким ба идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурда, фаъолияти ӯро ғайриқонунӣ дониста буд. Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо хоста буданд, ки бо кашфҳои пошнапаст, аз ҷумла «иринка» ба дарсҳо ҳозир нашаванд.

Марҳабои Ҳоким, хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс”, субҳи якуми апрел ба Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтааст, то бубинад, ки воқеан духтаронро маҷбур мекунанд, ки ба Донишгоҳи омӯзгорӣ бо кашфҳои пошнабаланд биоянд, ё хайр. Марҳабои Ҳоким мегӯяд, баъд аз он ки бо чанде аз донишҷӯён сӯҳбат карда ва хостааст шарҳи Абдуҷаббор Раҳмоновро ҳам бигирад, раиси донишгоҳ дастгоҳи аккосӣ ва дастгоҳи сабти ӯро гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!