Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

ҲНИТ мегӯяд, ба фишори мақомот "посухи равшан" хоҳад дод

4 апрел 2013, 16:35

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мехоҳад, нисбат ба фишорҳои ахири ҳукумат ба аъзо ва ниҳодҳои ин ҳизб “посухи равшан” бидиҳад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии хеш, ки чанде қабл баргузор гардид, вазъи сиёсии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, маҷбур шудааст, ҷаласаи Раёсати олии худро ташкил намояд. Ин ҷаласаи раёсат рӯзи ҳаштуми апрел дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Сухангӯи ҲНИТ афзуд, “бояд Раёсати олии ҳизб масъалаи бархӯрди мақомот ва фишори онҳо болои ниҳодҳои ҳизбӣ, суханрониҳо алайҳи ҳизб ва шахсиятҳои он, аз ҷумла дар ноҳияи Масчо ва бастани дари ҷаласаҳои ҳизбӣ дар аксари навоҳии кишвар ва мавриди бозпурсӣ қарор додани онҳоро баррасӣ кунад. Ин ҳама фишор маҳсуб меёбанд ва бояд Раёсати олии ҳизб дар мавриди посухи равшан додан тасмим бигирад.”

Ду ҳафта қабл як гурӯҳ аз кормандони Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба баъзе аз навоҳии шимоли кишвар сафар карда, дар сӯҳбати онҳо мавҷудияти ҳизб дар дини Ислом рад шудааст. Ин ҳарфҳо дар посух ба суоли сокинон аз забони Мавлавӣ Абдураҳим садо додааст, ки дар ин сафар намояндагони Кумитаи динро ҳамроҳӣ мекард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!