Бахшҳо

Ин филми даҳшатнок не, ҳақиқат аст. Бо номи аутизм

Рустам МАҶИДОВ

Тасаввур кунед, Шумо дар сайёраи дигар қарор доред. Сайёрае, ки дар он ҳама чиз ба Шумо номафҳум аст. Дар он Шумо бо касе муошират карда наметавонед, чун касе намефаҳмад, ки Шумо чӣ гуфтан мехоҳед.

Ҷое ки касе ба эҳсосоти Шумо диққат намедиҳад ва Шумо худро ҳар рӯз бадтар ҳис мекунед. Тасаввур кунед, тарсу ҳарос то куҷо Шуморо фаро мегирад. Сардаргумие, ки сари ҳар қадам Шуморо парешон мекунад. Мехоҳед, аз ин ҷо гурезед, аммо намедонед чӣ тавр ва ба куҷо. Шумо ҳатто аз касе ёрӣ ҷуста наметавонед. Тасаввур кунед, як нафар орзу дорад ҷигарбандаш пеш аз ӯ бимирад, то бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашавад.

Ин кобуси шаб ё саҳнае аз филми даҳшатноки нав нест. Ин ҳақиқати ҳаёт аст. Ҳақиқате, ки атрофи мост. Бо номи аутизм.

Мутахассисони Маркази идора ва пешгирии бемориҳо (Атланта, ИМА) муайян кардаанд, ки дархудмондагӣ (ихтилолоти рушд дар соҳаи аутизм) миёни сокинони сайёра рӯ ба афзоиш аст ва ҳамакнун ҳар кӯдаки 88-ум аутизм дорад. Бояд гуфт, чанд вақт пеш, ин нишондод ҳар садум нафар буд. Ин ҳолат дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ва бо ҳар кӯдак, новобаста аз ҷинс, ранги пӯст, дин, миллат, ҳолати иҷтимоӣ ё сармояи оила ба чашм мерасад.


Дар ин робита бо мудири созмони ҷамъиятии “Иттиҳоди волидайни кӯдакони дорои аутизм” (ИРОДА) дар Тоҷикистон хонум Лола Насриддинова сӯҳбате доштем.

-Баъзеҳо бар онанд, ки мушкилии аутизм барои ҷомеаи мо бегона аст ва нафарони гирифтори дархудмондагӣ дар Тоҷикистон нестанд...

Лола Насриддинова: «Он ки мардум дар хусуси дархудмондагӣ ё аутизм ва нафарони гирифтони он хабар надоранд, то ҷое табиист ва дар ин гунаҳгор ҳам нестанд. Сабаби аслӣ он аст, ки чунин нафарон наметавонанд ҳаёти фаъоли иҷтимоӣ дошта бошанд, ба мактабу омӯзишгоҳ ё ҳар ҷои дигари ҷамъиятӣ раванд. Аз сабаби мушкилоти сенсорӣ ва иртиботии кӯдакони дорои аутизм, бо онҳо ба кӯча баромадан, машғул шудан, бозӣ кардан ва ғайра мушкил аст. Идораи ин кӯдакон дар ҷомеа тақрибан ғайриимкон аст ва бештари волидайн зуд хаста ва таслим мешаванд. Мушкили дигар муносибати атрофиён аст. Бархӯрди таҳқиромез аз ҷониби мардум зарбаи сахтест ба наздикон, волидайн ва худи кӯдакони дорои аутизм. Мо ба ба волидайни кӯдакони дорои аутизм маслиҳат медиҳем, ки аз аввал онҳоро ба ҳаёти иҷтимоӣ одат кунонанд: ба консерт, сирк, боғ ва мавзеҳои истироҳатии дигар раванд, то дар вақти зарурӣ кӯдакон донанд, ки чӣ тавр бояд рафтор намоянд.”

-Бисёриҳо чунин савол медиҳанд: аутизм беморист ё чизи дигар? Дар ҳар сурат, бо нафарони дорои аутизм чӣ гуна бархӯрд кардан лозим аст?


Лола Насриддинова: “Дар ин хусус фикри мутахассисон гуногун аст: гуруҳе онро беморӣ мешуморанду гуруҳи дигар на. Агар аз нуқтаи назари иҷтимоӣ бингарему онро беморӣ ҳисоб накунем, пас, он масъалаи муҳим набуда, танҳо лозим аст ин кӯдакон барои муддати муваққат бо усулҳои муайян ислоҳ шаванд. Аммо агар аз нуқтаи назари тиббӣ нигарем, чунин бармеояд, ки кӯдаки бемор бояд бистарӣ ва муолиҷа шавад, бидуни он ки ҳаёти иҷтимоӣ ва муҳити атроф барои қабули эшон омода бошад. Аммо дар асл бояд ҳарду ҷиҳати масъала ба назар гирифта шавад. Бояд нақшаи таълиму тарбия ва маводи вобаста ба он низ мувофиқ гардонда шавад, то кӯдак тавонад мисли ҳамсолонаш дониш омӯзад.”

-Барномаҳои соҳа дар Тоҷикистон то куҷо муваффақ будаанд? Метавонем гӯем, ки сатҳи дониш ва муносибати дастандаркорон ва мардум нисбат ба аутизм дигар шудааст?

Лола Насриддинова: “Мо бо хушҳолӣ метавонем гӯем, ки муносибати ҳукумат ва мардум тағйир меёбад. Агар се сол қабл нафарони бевосита бо аутизм робита надошта дар бораи он чизе намедонистанд, ҳоло нафарони зиёд маълумот гирифтаанд ва ба мо ва созмонҳои дигар кумак низ мерасонанд то дар мубориза бо мушкилотамон муваффақ бошем. Ба хусус, ҷалб шудани ҷавонон моро хурсанд мекунад. Албатта, ҳанӯз барои беҳбудӣ ва пешрафт роҳи зиёд дар пеш аст. Дар сохтори давлатӣ шахсони алоҳидае ҳастанд, ки муносибати хуб доранд ва ба ҳадди имкон дастгирӣ низ мекунанд, аммо ин кам аст. Бояд бархӯрди кулли сохтору низомҳо тағйир ёбад. Афсӯс, то ҳол як назари мушаххаси коршиносон дар сатҳи давлатӣ нест, ки дархудмондагиро ҳамчун мушкил эътироф кунаду барои кор бо он барномаи мушахас рехта шавад. То ҳол шахсони дорои аутизмро миёни Вазотари тандурустӣ ва Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ “футбол” мекунанд. Чунин мушкил дар саросари мамолики собиқ Шӯравӣ мушоҳида мешавад.”

-Алҳол дар Тоҷикистон кадом муассиса бо мушкилоти дархудмондагӣ сарукор дорад ва дар сурати лозимӣ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Лола Насриддинова: “Асосан созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа кор мекунанд. Созмонҳои маъюбон, иттифоқи волидайни кӯдакони маъюб ва иттифоқи маъюбонро ном бурдан мумкин аст. Аммо тартиботи мушаххаси қабул ва бархӯрд бо дархудмондагӣ, ба хусус бо кӯдакон, дар сатҳи давлатӣ ва барои мақомоти тиббию ғайритиббӣ вуҷуд надорад, методҳои тасдиқшудаи кор вуҷуд надорад. Балки ниҳоди давлатие, ки барномаи кор бо ин мушкилро омода ва ҷорӣ кунад, мавҷуд нест. Аммо дар созмонҳои ҷамъиятии соҳавӣ мутахассисони варзидае ҳастанд, ки аз рӯи тахассусҳои гуногуни вобаста, ҳамонанди кори омӯзгорӣ, муроқибати тиббӣ ва ғайра омӯзиш дидаанд ва бо чунин кӯдакон кор мекунанд.”

-Шумо дар хусуси созмонҳои маъюбӣ гуфтед. Дархудмондагӣ дар Тоҷикистон як навъи маъюбӣ ҳисобида мешавад?

Лола Насриддинова: “На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли ҷаҳон аутизм ё дархудмондагиро ҳамчун маъюбӣ медонанд. Ба волидайне, ки ташхиси тиббии кӯдакашон аутизм аст, маслиҳат дода мешавад, то аз мақомоти дахлдор барои ӯ мақоми маъюбӣ гиранд. Аммо дар ҷумҳурии мо раванди мушаххас ва муассисае, ки тавонад чунин ташхис гузаронад, нест. Дар маҷмӯъ, раванди гирифтани мақоми маъюбӣ печидаю мушкил аст. Ҳамчунин, дар мо ба кӯдаконе, ки шакли вазнини аутизм доранд, ташхис бемориҳои руҳӣ, ба монанди шезофрения, мегузорад. Барои шаклҳои сабукаш бошад, умуман ташхис гузаронда намешавад ва мегӯянд бояд тарбияи кӯдак беҳтар шавад.”


Дар акс: Лола Насриддинова
Мӯҳр
Мутаассифона холо дар кишвар хар гуна созмонхои чамъияти хеле зиёд шудаанд. Худро гамхор нишон медиханд, аммо дар асл чи кор мекунанд? Маблагхои хангуфтро аз хар кучо бо хар восита сохиб мешаванду бо истилохи маъруф кофебрейк мегузаронанду халос. Мачрухиро имруз дархуддармонадигию аутизм ва Худо медонад, боз чи ном мебаранд. Дар хамаи навохи шуъбахои ичтимои мавчуд аст. Бигузор мардум сари вакт ба он чохо мурочиат намоянд, хуччат гирд оваранду ба маъюбони хеш кумакпули ва дигар имтиёзхоро мухайё созанд. Мефахмам, холо когазбозию саргардон намудани мардуми оди хеле зиёд аст. Лек хаки худро аз дахони шер мебояд гирифт.

Many thanks for an amazing publish, may read your particular others posts. thank you your thinking on this, I soon became a lttle bit made an impact to by this article. Thanks again! You earn a good time. Has wonderful data here. I believe if more people thought of it doing this, they’d possess a better time period receive the hold ofing the matter. maillot 2013 https://footballs2013-2014.blogspot.com/

Farvardin
Ташаккури зиёд барои мақолаи шавқовар!
Лекин илтимосу сад илтимос, ба стандартҳои русӣ пайравӣ карда ҷонишини "шумо"-ро бо ҳарфи калон нанависед. Ин хоси забони мо нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)