Бахшҳо
05 апр 2013 10:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Посухи як масъули Вазорати тандурустӣ ба Эшони Нуриддин

Як мақоми Вазорати тандурустии Тоҷикистон роҷеъ ба назари Эшони Нуриддин дар мавриди издивоҷҳои хешутаборӣ ва ташхиси гентикӣ изҳори назар кард.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “пешниҳоди Нуриддин Тураҷонзодаро қабул дорем ва мо низ дар фикри ташхисӣ генетикӣ будем. Аммо факту ракамҳои пешниҳоднамудаи эшон дар мавриди кӯдакони маъюб ба маълумоте, ки мо дар даст дорем, рост намеояд.”

Ба дунболи пешниҳоди вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, дар мавриди манъи никоҳҳои хешутаборӣ, ду ҳафта пеш Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, низ изҳори назар карда буд. Ӯ дар як матлабе, ки дар торнамои хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба нашр расонд, гуфт, аз 25 ҳазор кӯдаки носолим, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ба дунё меоянд, ҳамагӣ 4 дарсадаш ҳосили никоҳҳои хешутабориянду тамом. Дар ҳоле ки ба иддаои масъулони Вазорати тандурустӣ ин рақам болотар аз 35 дарсадро ташкил медиҳад.

Шералӣ Раҳматуллоев дар марвиди пешниҳоди Эшони Нуриддин дар робита ба ташхиси генетикӣ гуфт, “мо соли гузашта дар бораи маъюбон дар кишвар мониторинг гузарондем ва ба хулосае омадем, ки бояд лабараторияи генетикиро ташкил кунем. Таъмири бинои лабараторияи мазкур дар назди Пажуҳишгоҳи акушерӣ-геникологии назди Вазорати тандурустӣ дар арафаи анҷомёбист.”

Мусоҳиби мо афзуд, “новобаста аз он ки тӯйшавандаҳо хеш ҳастанд, ё не пеш аз тӯй аз ташхиси генетикӣ гузаронида хоҳанд шуд.”
Мӯҳр
Саломалейкум ман дар ин чо кайд карданиам ки дар дар академияи тиббии шахри Санк петербург кафедраи генетика ва геноинженерия дар бораи бо нукс тавлид шудани кудакхо ба сатхи пасти зиндаги одатхои бад яъне сигор каши майнуши ва дигар омилхои бад дохил мешавад на ин ки никохи хешу табори дар бораи яъне хеш гири фарзанд бо нуксе тавлид мешавад ягон асл асос ва таткикоти дакике вучуд надорад ва нахохад дошт як теорияе ки як вактхо пешниход шуда буд ки никохи хеш ба нукс меорад бе далел буд ва холо аз байн рафтааст ва ягон асос хам надорад балки дигар омилхое ки дакик шудаанд бояд пеши уро гирем на ин ки ба сафсатае назар кунем ки асл надорад ва дар он чо нисбати точикистон низ гап рафта буд ки кашоктарин ва камбизоатарин давлатаст ки модар гизои солим надорад ва ин боиси нукси хам модар хам тавлидшавии тифл бо нуксон мегардад дар ин конфронси илми баромад карда буданд доктори илм профессор Татьяна Уменко, Профессор В.Г. Короленко. Ва зодаи ватани мо номзади илми тиб Ильес Солиев...

Мирзои ХОЧИМУХАММАД
Назари эшони Нуриддин аз посухи корманди вазорати тандурустй ба хакикат хеле наздиктар аст. Пешниходи Амиршоева зиддиилмй, зиддиинсонй,зиддидинй,зиддиахлокй аст.

ХАКИКАТПАРАСТ
хамаш другай, никохи хешу табори ягон зарар надора

хамаш другай, никохи хешу табори ягон зарар надора

Хакикатпараст
Хамаш кори Хдохай , агар хами Прездент намегуфт да ёди ягонтатон намезад

Хочи
Ягон чои бади надора хуна санчед никох кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)