Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

ВКД: Дуздӣ дар навоҳии Фархори Хатлон ва Синои шаҳри Душанбе

7 июл 2011, 06:53

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои маслиҳатхонаи ҳуқуқиро ғорат карданд.



Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд  Абдухолиқ Содиқов ба мақомот ирсол гардидааст.Мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия менависад, шаби  6-уми июл шахсони номаълум бо истифода аз олоти оҳанин қулфи дари бинои маслиҳатхонаро шикаста, ворид шуда аз он ҷо 6220 сомони пули нақд, 1- адад телевизори тамғаи «Самсунг», 1- адад телефони мобили тамғаи «Нокиа», асбобҳои электрикии гуногунтамға, 1- ҷуфт гушвори тиллоӣ, шаҳодатнома ба номи Содиқов А. ва 2- адад дастгоҳи табобатии «Тяншӣ»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Маблағи  умуми ашёи ғоратшуда 12 ҳазору 490 сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеаъ рух додааст. Шахсони номаълум бо тариқи интихоби калид вориди хонаи истиқоматиии Гулистон Ҳалимова, бо суроғаи кӯчаи Ҷомӣ 16, утоқи 16 гардида, аз дохили ҷевон 300 сомонӣ пули нақд ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дузиданд. Маблағи  умумии ин ҷиҳоз 6150 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон  чораҳои фаврии ҷустуҷуӣ идома дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!