Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:11

Додгоҳи иқтисодӣ ба Файзиннисо Воҳидова “не” гуфт

5 апрел 2013, 12:15

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои вакили дифоъ, Файзиннисо Воҳидоваро дар бораи ин ки баҳси ширкати “Тоҷирон” бо ӯ дар додгоҳи дигаре баррасӣ шавад, рад кардааст.

Файзиннисо Воҳидова рӯзи панҷуми апрел ба “Озодагон” гуфт, “дар ин марҳилаи додгоҳӣ дархости ман баррасӣ шуд ва қозии додгоҳ даъвои маро рад намуда, ба хулосае омад, ки даъвои ширкати “Тоҷирон” аз болои мо марбут ба Додгоҳи иқтисодист.”
Ба қавли мусоҳиби мо, аз ҷонибюҳо даъват шудааст, ки дархосту далелҳои худро пешниҳод кунанд ва додгоҳ бояд ба муҳокимаи даъвои шикркати “Тоҷирон” алайҳи Файзиннисо Воҳидова ва рӯзномаи “Имрӯз Нюс” оғоз кунад.

Воҳидова мегӯяд, додгоҳ бидуни асос даъвои ӯро рад кардааст. “Аммо қонун қонун аст ва бар асоси он тамоми таъиноте, ки дар рафти мурофиаи судӣ қабул мегардад, ҳуқуқи шикоят бурдан аз болои онро надорем”,-афзуд ӯ.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе ба онҳо то 12-уми апрел муҳлат додааст.

“Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва ягона рӯзномаи Тоҷикистон, “Имрӯз News”, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!