Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

99 тавсияе, ки Тоҷикистон бояд амалӣ кунад

5 апрел 2013, 12:18

Нақшаи миллӣ оид ба амалигардонии тавсияҳои кишварҳои аъзои Шӯрои СММ дар робита ба марҳилаи меъёри ҷаҳонии ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 дар Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Санади мазкур 3-юми апрел аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст. Наргис Зокирова, роҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун дар изҳороти худ гуфтааст, нақшаи миллӣ санади бисёр муҳим барои хукумати Тоҷикистон буда, он барои рушди бахши ҳуқуқ мусоидат хоҳад кард.

«Ҳамакнун ҳар як мақомоти давлатӣ муваззаф шудааст, ки дар муҳлати муайян тавсияҳои мазкурро амалӣ гардонад. Дар умум санади мазкур гуногунҷабҳа буда, натанҳо барои беҳтар гардонидани вазъи сиёсии ҳуқуқи инсон, ҳамчунин барои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин бартараф кардани камбизоатӣ кӯмак мекунад»,- гуфтааст Наргис Зокирова.

Нақшаи миллӣ дар умум 106 тавсияи кишварҳои аъзои Шӯрои амниятро дар бар мегирад, ки акнун Тоҷикистон бояд онҳоро давоми 3 сол амалӣ гардонад. Гуфта мешавад, аз ин 106 тавсия, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 5-тои онро иҷро кардааст.
Меъёрҳои озодии матбуот, соддатар кардани равнади иҷозатдиҳӣ барои фаъолияти расонаҳои хабарӣ, қабули воридоти тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ишора гардидани ному насаби масъулин ҳангоми боздошти шаҳрвандон, тасвиби протоколи дуввум дар мавриди қатъи ҳукми қатл, кафолати риояи озодии виҷдон, таъсиси низоми махсус барои бознигарии шикояти шаҳрвандон, қатъи шиканҷа ва дигар муносиботи ғайриинсонӣ ҳангоми боздошти шаҳрвандон аз ҷумлаи тавсияиҳоест, ки дар доираи санади Нақшаи миллӣ бояд амалӣ гарданд.

Санади мазкур аз ҷониби намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ таҳия шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!