Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Давлат Назрӣ мушовири сафири Тоҷикистон дар Белорус

5 апрел 2013, 13:21

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мушовири сафири ин кишвар дар Белорус таъин шудааст. Худи ӯ гуфта, ки дар ин мақом корро аз даҳуми апрели соли ҷорӣ оғоз хоҳад кард.

То ҳол рӯшан нест, ҷои Давлат Назрӣ дар дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро кӣ ишғол хоҳад кард. Вале бо ин ҳол, ҷаноби Назрӣ мегӯяд, дар ин муддат бо тамоми расонаҳои дохилу хориҷи мустақар дар Тоҷикистон ҳамкории хубе дошта ва аз ин ҳама розист.

Давлат Назрӣ аз соли 2003 то 2007 низ мушовири сафири Тоҷикистон дар Белорус буд ва ба гуфтаи худаш ин кор барои ӯ ошност.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!