Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Бонки Ҷаҳонӣ: “Ташхиси Роғунро шаффоф анҷом медиҳем”

5 апрел 2013, 16:44

Бонки ҷаҳонӣ ташхиси фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоиву экологии тарҳи неругоҳи Роғунро шафоф анҷом медиҳад. Сироҷ Кумар Ҷа, роҳбари минтақаии ин ниҳоди байналмиллалӣ бо таъкиди ин ҳарфҳо дар шаҳри Душанбе гуфт, «ҷараёни ташхисҳо бо ҳамин раванд идома хоҳанд кард».

Номбурда ҳамчунин афзуд, ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кард, ки ба манзури ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шудани тарҳ ташхиси лоиҳаи неругоҳи Роғунро анҷом бидиҳад. Сироҷ Кумар Ҷа гуфт, энергетика барои рушди Тоҷикистон ва ҳалли мушкили фақр бахши муҳим маҳсуб меёбад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Шавкат Ҳамроев, муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон гуфта буд, кишвараш аз шеваи баргузории ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла интихоби аъзои ҳайати коршиносон розӣ нест ва эҳтимол дорад, натиҷаҳои онро эътироф накунад.

Тоҷикистон тарҳи НОБ-и Роғунро, ки яке аз баландтарин садҳоро дар минтақа доро хоҳад буд, ягона роҳи раҳойӣ аз бунбасти энергетикӣ медонад. Аммо Узбакистон иддао дорад, бунёди ин неругоҳ сабаби ба мушкили об мувоҷеҳ шудани кишвараш мегардад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!