Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:53

Эътирози зидди Абдуллоҷонов: Худҷӯш ё кори "доброволтсҳо"?

5 апрел 2013, 16:49

Маъмурони пулис ва амниятӣ даҳҳо тан аз тазоҳургарон дар назди бинои сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанберо пароканда карданд.

Ин афрод, ки аксари онҳоро ҷавонону занон ташкил медод, рӯзи панҷуми апрел бо баргузории гирдиҳамоӣ аз мақомоти Амрикову Созмони Милал хостанд, то нахуствазири пешини Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷоновро ба Душанбе истирдод намоянд. То ҳоло маълум нест, ки ин афрод марбут ба кадом созмону гуруҳанд ва чигуна гирди ҳам омаданд.

Бино ба иттилои хабарнигори "Озодагон", танҳо дар назди дафтари Созмони Милал дар Душанбе ҳудуди панҷоҳ нафар гирди ҳам омада буданд, ки дар даст аксу шиорҳои зидди Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистонро доштанд. Дар бархе аз навиштаҳои онҳо таъкид мешуд, ки "Амрико то кай хоини тоҷикро пуштибонӣ мекунад?"



Бархе аз тазоҳургарон дар назди бинои сафорати Амрико дар Душанбе Абдуллоҷоновро ба Бин Лодин, раҳбари пешини АлҚоида монанд кардаанд. Ҳамчунин, дар дасти онҳо навиштаҳое ба монанди "Абдуллоҷонов хоин ва ғоратгари миллати тоҷик" ва ё "Абдуллоҷонов, пулҳоро баргардон" низ ҷавлон мезад. Дар чанд навори видеоӣ, ки дастраси мо шуд, бархе аз тазоҳургарон мегӯянд, онҳо зидди ҷанганд ва ба назарашон Абдуллоҷонов ноамнӣ хоҳад овард. Илова бар ин, онҳо мегӯянд, Абдуллоҷонов пулҳоро дуздидаасту бояд баргардонад. Дар мавриди ин ки гирдиҳамоиро кӣ ташкил кардаасту кӣ раҳбарӣ мекунад, онҳо бо як овоз мегӯянд: Халқ.

Бо ин ҳол, масъулони сафорати Иёлоти Муттаҳида аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Ҳамчунин, мақомоти расмии Тоҷикистон низ дар ин замина ҳарфе нагуфтанд. Аммо ба назари Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҲНИТ, эътирози зидди Абдумалик Абдуллоҷонов худҷӯш нест ва зоҳиран аз сӯи гурӯҳе роҳандозӣ шудааст, ки дасти чандон кӯтоҳе ҳам надорад. Ӯ мегӯяд, "Абдуллоҷонов бо ҳукумат ба мувофиқа наомад ва Тоҷикистонро тарк намуда, кишвари дигарро барои зиндагӣ ихтиёр кард. Сарвазири пешини Тоҷикистон шахсе набуд, ки ба касе манфиат ё зарар расонида бошад ва мардум ё ҳизбу гуруҳе аз истирдод нашуданаш ба Душанбе нигарон шуда бошанд ва бо хоҳиши худ ба эътироз бароянд."

Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, "бо гирди ҳам омадан ва эътирози мардум дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе ин масъаларо ҳал карда намешавад. Ин масъалаи байналмилалист. Абдумалик Абдулоҷонов паноҳандагии сиёси Амрикоро дорад ва раҳо шудани ӯ бо дархости ИМА сурат гирифт. Ба Тоҷикистон овардани вай имкон надошт."

Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор шуд, ки шоми дирӯз, чоруми апрел, Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳе дар Киев озод гардид. Ӯ шоми панҷуми феврал дар фурудгоҳи Борисполи Укроин аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуда, тӯли бештар аз панҷоҳ рӯз дар боздошт ба сар бурд. Ҷониби Тоҷикистон дарҳол аз мақомоти Укроин хоста буд, то Абдуллоҷоновро ба Душанбе истирдод кунад. Мақомоти тоҷик ӯро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла куштор ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, муттаҳам медонанд.




Акс аз Фейсбук


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • образованный

  • 5 апрел 2013 20:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардуми соддалавхи точик ва эй коргардонхои пасипардагй, худро ва миллатро, давлатро шарманда накунед. Як чавони тазохургар гуфт ки ман аз таърих хондам ки Абдуллочонов сабабгори чанг буд лекин ман ун вакт дар ишками модарам будам (иктибоси мазмунй-тахтуллафзй не!). Кадом таърих, кадом манбаъ??? ШАРМАНДАГЙ!!!!!
Посух додан
  • NuR

  • 5 апрел 2013 21:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"...Ин афрод, ки аксари онҳоро ҷавонону "занон" ташкил медод,.."
Занон? Занони точик кай аз лаби обу чагдонхо канда шудаанд, ки ба "митинг" кунанд? "))) хехе
Посух додан
  • Салим

  • 5 апрел 2013 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Спектакли худсоз,шармандаги.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед бародарони азиз аз ин дида дигар шармандаги намешавад. Вакте мардум нони хурдан надорад, барк надорад, хамаи чо кимати ва пулхурону дуздон хама дар дохили Точикистонанд, мардум митинг намекунанду барои Абдуллочоне, ки ягон митингчи намешиносандаш, чигуна бар зидди у тазохурот мекунанд. Инро кадоме.... ахахахха.
Посух додан
  • Noz

  • 6 апрел 2013 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандаги бозорхо месузанд фарзандхои чавони точикро мекушанд дар россия дар хар як рейси хавопаймо тобут равон мешавад дар зиндонхо шиканча дар сардихои зимисто бе барк мешинанд лек ба митинг намераванд лек як шахсияте ки барои халк фаромуш шудааст митинг мекардианд ин як митинги сохта
Посух додан
  • shodi

  • 8 апрел 2013 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар як навиштаи радиои Озоди хондам, Абдуллочонов, ки наханги чумхури ном гирифта буд, холо назди нахангхои имруза мохича шудааст. чаро нахангхои имрузаро касе сурог намекунаду наханги имруз мохичашударо сурог кунем?
Посух додан
  • shoх

  • 9 апрел 2013 08:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хара ханда, буза бози.... метонане, метонан, конешно да дстошонба де метонан-де,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!