Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Аксу видео: Мухлисон бо пулис даст ба гиребон шуданд

6 апрел 2013, 10:24

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Садҳо нафар, ки барои тамошои мусобиқаи паҳлавонони шинохтаи ҷаҳон ба хотири гиромидошти Саидмуъмин Раҳимов ба Душанбе омада буданд, дар назди маҷмаи варзишии Кумитаи андоз бо маъмурони пулис даст ба гиребон шуданд. Бо вуҷуди монеагузориҳои пулис, мухлисон дари ин маҷмаро шикаставу вориди толор гардиданд.

Барои пароканда кардани тамошогарон воҳиди махсус даъват ва пас аз чанде вазъият ором шудааст. Мақомот мегӯянд, ба далели пур будани дохили толор маъмурони пулис аз вуруди мухлисон ҷилавгирӣ карданд.

Бархе аз мухлисон ба хабарнигори “Озодагон” гуфтаанд, бештар аз он норозиянд, ки чунин як мусобиқаи сатҳи олӣ дар толори варзишии начандон бузург баргузор мешавад. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар вазни мутлақ имрӯз, 6-уми апрел, дар толори маҷмааи варзишии Кумитаи андоз, воқеъ дар микрорайони 46-уми шаҳри Душанбе, ба хотири гиромидошти нахустқаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо Саидмуъмин Раҳимов оғоз ёфт.

Дар лаҳзаҳои аввали бозӣ ду варзишгари тоҷик -- Муҳаммад Абдураҳмонов ва Сабзалӣ Раҳимов вориди рақобат шуда, бозӣ бо пирӯзии аввалӣ анҷом ёфт. Ба ин тартиб, мусобиқа ба хотири гиромидошти Саидмуъмин Раҳимов ҷараён дорад. Ба мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Муғулистон, Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Исломии Эрон даъват гардидаанд.

Варзишгарони шинохтаи ҷаҳон аз қабили Хапаев Арамбий қаҳрамони 3-каратаи ҷаҳон оид ба самбо, Михаил Тихамиров, Владимир Яприсов, Армен Багдасаров ва чанд нафари дигар ба ҳайси меҳмонони фахрӣ даъват шудаанд. Мусобиқаи мазкурро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи дзюдои кишвар ташкил кардаанд.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин "Озодагон". Ба фаъолиятон гап нест.

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!