Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:10

Зайд Саидов бо таъсиси Тоҷикистони нав 'ояндаи хубе'-ро ваъда дод (Видео)

6 апрел 2013, 11:57

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дод.

Ин ҳизб, ки аз он ба унвони “ҳизби интеллектҳо ва иқтисоддонҳо” ном бурда мешавад, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсӣ меояд. Шавкат Бозоров, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, Маҳмудҷон Қосимов, Ҷамшед Ҳакимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва Бахтиёр Баҳодуров низ аз ҷумлаи муассисони ин ҳизб будаанд.

Муассисони ҳизби Тоҷикистони нав дар эъломияи худ, ки рӯзи шашуми апрел пахш карданд, мегӯянд, “зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ торафт кишварро тарк мекунад ва умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав, ташаббуси нав ва ташаккули нав ниёз дорад.” Онҳо дар идома афзудаанд, "мо талош мекунем, ки нерӯ, зеҳн, тахассус ва талошҳоямон барои ободии кишвар ва ба ҳамин самт равон сохтани нерӯҳои созандаи ҷомеа сарф гардад. Аз ин рӯ, Тоҷикистони нав чорчӯби баҳамовардаи шахсиятҳо, нигоҳҳо, истеъдодҳо, идея ва имкониятҳои созандаи миллӣ мебошад."

Дар ин навори видеоӣ Мавҷуда Соҳибназарова эъломияи Ҳизби Тоҷикистони навро қироат мекунад:



Ҳадафи онҳо, "сохтани Тоҷикистон нав, ҷомеаи имкониятҳои баробар ва таъмини зиндагии шоиста мардум" будааст. Дар эъломияи муассисиони Тоҷикистон нав гуфта мешавад, "ҳамватаноне, ки ҷонибдори шарафи инсонӣ, зиндагии шоиста ва рушди иқтисодӣ мебошанд; ҳамватаноне, ки мухолифи бебарқӣ, бекорӣ, бесаводӣ, бесалоҳиятиянд; ҳамватаноне, ки мухолифи фисқу фасод, коррупсия, поймол шудани қонун ва маҳалгароӣ мебошанд, ҷонибдори Тоҷикистони нав ҳастанд."

Тоҷикистони нав ҳанӯз сабтином нашудааст ва муассисонаш ҳам гуфтанд, ки базудӣ санади лозимӣ барои қайди давлатиро ба Вазорати адлия пешниҳод хоҳанд кард. Ин ҳизб дар сурати сабтиномаш нуҳумин ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ сабтином шуда, расман фаъолият доранд, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва сотсиал-демокративу коммунист аз ҷумлаи онҳоянд. Вале дар ду-се соли охир талоши баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва аҳзоби мухолиф, назири Ҳизби Ваҳдат ва ҳамчунин Ҷунбиши миллии Тоҷикистон барои сабтином дар Вазорати адлия бенатиҷа будааст.

Эъломи таъсиси як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардад. То ҳоло танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълом карда, ки дар ин интихобот бо номзади худ иштирок хоҳад кард ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳзоби дигар то ҳоло номзади худро муаррифӣ накарда ва мушаххас нагуфтаанд, ки ба кадом шакл дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.

Зайд Саидови 55-сола, ки аз муваффақтарин соҳибкорони кишвар дониста мешавад ва ҳоло чун муассиси ҳизби Тоҷикистон нав муаррифӣ шуд, дар ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Ӯ аз моҳи июни соли 2002 то 2007 дар мақоми вазири саноати Тоҷикистон низ буд. Ҳоло раиси Федеретсияи тенниси Тоҷикистон ҳаст.


Дар акс: Зайд Саидов (аз тарафи чап)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • офтоб

  • 6 апрел 2013 14:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамика хайрун шидем, ки ба ки бовар кунем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халк хайронанд, ки киро бовар кунанд.
Хама ваъдахои хуб метиянд.
Посух додан
  • sobir

  • 6 апрел 2013 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон бовари кам мондааст , вале ин шаходат медихад , ки Точикистон дар муддати 20 соли истиклолияти худ кухна будааст.. кунун шакли наваша мегирад . Хандаи кас меояд аз чунин спектаклхо ва ин сохти наваш мардумро хама мухочиру мардикори ачнабиён мегардонад. Агар ин бо хукуматдорон забон як накарда бошад ба бародари Зайд бурдбори хохонам...
Посух додан
  • Точикбача

  • 6 апрел 2013 20:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе хамин хизбхо хам ояндаи точикистон дурахшон аст.
Посух додан
  • tj

  • 6 апрел 2013 22:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон - и азиз! Бояд гуфт, ки банда аз кору фаъолияти Шумо хушнудам. Аммо мехостам як чиро таъкид кунам. Дар ин наворе, ки Шумо бардоштед танхо Мавҷуда С ба навор гирифта шудааст. Мехостам дар оянда Шумо низ кадаме ба пеш гузошта на танхо баромад кунанда балки гирди хам омадагонро низ наворбардори кунед. Худованд ба Шумо илхоми тоза ва обруву шухрати беандоза бахшад. Омин.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!