Бахшҳо
06 апр 2013 11:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пули китобҳои кӯҳна дар мактабҳо ба кисаи кӣ меравад?

Аслиддин Достиев

Фасод ё коррупсия ба ҳаде дар Тоҷикистон реша давондааст, ки решакан карданаш ғайриимкон менамояд. Дар кадом соҳае набошад, ҳатман нафаре ба нафаре пора медиҳад ва касе аз касе пора мегирад. Барои вазифаи кӯчактарине ҳам «тағобозӣ» мешавад. Ба андешаи соҳибназарон, азбаски тамомии кору вазифаҳо- аз доираи поин то вазифаи раисиву вазирӣ ҳалқаи як занҷири фасодро комил мекунанд, дигар дар фурсатҳои наздик аз миён бурдани коррупсия имконнопазир аст.

Кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва муброиза бо коррупсияи гуруҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб дар пайи санҷишҳои молиявӣ танҳо дар 3 моҳи соли равон 25 ҳолати ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардаанд. Масъулин бе ягон азоби виҷдон ва тарсу ҳарос, маблағҳоеро, ки тибқи ҳисоботи пешниҳодмекардаашон мебоист ба ҳисоби бонкӣ барои ташкилот дохил шудааст, ба ҷайб андохта, «барои эҳтиёҷоти зиндагиашон» масраф кардаанд.

Дар мавриди фасодкорӣ ва коррупсия дар соҳаи маориф зиёд гуфтаву навиштаанд. Дар нашрияву радио ва телевизион аз мавҷудияти фасод дар ин соҳа зиёд гуфтаанд. Аммо мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҳамасола на кам, балки зиёд шудан дорад. Сабаби онро бисёриҳо дар кам будани маош унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати марказӣ ва президент ба тадриҷ ҳақмузди кормандони маорифро баланд мекунанд. Вале пулситонӣ аз муҳассилини макотиб бо ҳар баҳона анҷом мегирад ва роҳҳои ҷадидро пайдо месозад.

Агар то имрӯз муаллимон барои харидории журнали синфу пардаи дару тиреза, бурпуливу латтахарӣ, моҳонапулӣ ва ғайра аз хонандаҳо пул мегирифтанд, ҳоло барои харидории китобҳои дарсии муҳлатгузашта маблағ меситонанд. Бо ин ҳол боре нашуда, ки санҷишгарон чунин ҳолатеро сабт карда бошанд. Тибқи қарори Вазорати маориф чунин китобҳо бояд ройгон ба хонандаҳо дода шаванд.

Кор то ҷое расида, ки китобхонаи мактаб барои хонандаҳо дар як соли таҳсил 2 маротиба китоби дарсӣ мефурӯшад. Ин амал хеле оддӣ сурат мегирад ва масъулини макотиб бепарвоёна аз он истифода мебаранд. Аввали соли таҳсил, яъне моҳи сентябр, барои хонандаҳо китобҳои фарсудаву даррида мефурӯшанд ва бо гузашти 3-4 моҳ, бо баҳонаи китоби нав, бори дигар китобҳои дарсӣ, вале акнун навтарро ба савдо мезананд.

Ба гуфтаи китобдори мактаби №27-и шаҳри Кӯлоб Мавҷигул Набиева, «шӯъбаи маориф чунин рафторро пеша кардааст. Барои мо китобҳои навро дар нимаи соли таҳсил оварда, маҷбур намуданд, ки китобҳои куҳнаву фарсударо аз хонандаҳо ҷамъ оварда, барояшон китобҳои навро фурӯшем. Ҳарчанд гуфтем, ки як бор фурӯхтаем, аммо аз маориф мегӯянд, ки комиссия аз вазорат омадааст ва барои истифодаи китобҳои куҳна гап мешунавем».

Чунин ҳолати коррупсионӣ дар ягон соҳа дида намешавад. Бубинед, агар 1 китоб ба ҳисоби камтарин ба маблағи 5 сомонӣ харидорӣ шаваду дар 1 мактаб агар ҳазор хонанда бошад ва ҳар мактаббача бигзор 2 китоб харад, пас маблағи умумии китобҳои нави харидоришуда, 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Хотиррас бояд кард, ки ҳамин миқдор китоб бо ҳамин маблағ ҳанӯз аввали сол фурӯхта шуда буд. Агар дар шаҳру навоҳӣ 50 ё 70 мактаб бошад чӣ?

Хонандаҳо низ медонанд, ки ин маблағ ба кисаи кӣ меравад. Ба маънои дигар, ҳамин хонандаҳо аллакай бояд биомӯзанд, ки аз куҷо ва бо кадом роҳ «пулдор» шудан метавон. Ё не?

Дар ҳамин ҳол, кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Кӯлоб муҳосиб-китобдори шӯъбаи маорифи ин шаҳрро бо ҷурми аз худ намудани маблағи китобҳои дарсии савдошуда (наздики 180 ҳазор сомонӣ) боздошт кардаанд. Ин масъул, тибқи иттилои Умаралӣ Ясадов, сардори агентии мазкур, бо мақсади рупуш намудани амали коррупсиониаш, ба китобдорони макотиби шаҳр ордерҳои хазинавии қалбакӣ сохта, маблағи даромадро «барои хароҷоти зиндагиаш» масраф намудаст.

2 сол пеш кормандони прокуратураи ноҳияи Восеъ, собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияро бо ҷурми тасарруф намудани наздик ба 500 ҳазор сомонӣ аз харидорӣ ва савдои ҳезуми гӯё аз минтақаи Сибири ҷумҳурии Русия оварда ва ба макотиби ноҳия барои зимистонгузаронӣ фурӯхташуда, боздошт карда буданд. Бо ҳукми суд, маблағи бо таври ҷиноят азхудшуда аз муттаҳамон, мудири шӯъбаи маориф ва сардори идораи молияи ноҳия ситонда шуд.

Бо гузашти 24 моҳ, баъди таъин гаштани раиси нави ноҳия, миёни сокинон овозаҳо пайдо шуд, ки бо кӯмаки ӯ собиқ мудири шӯъбаи маориф ба вазифаи директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ таъин мешавад. Ҳарчанд ин овоза аст, аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ки он аз эҳтимол дур нест.
Агар чунин иттифоқ сурат бигирад, оё намунаи «хуб»-е барои коррупсионер шудани хонандаҳо намешавад? Ба назари ман мешавад!
Мӯҳр
maktabora nazorat karda shavad kitobho pulaki_№15 №79 №55 recourse

вииииииииииииииии бо нумш дрекрт и кудако чира ёд мегиран порадодану пора хурдана

Абдуллох
Да калаи мактабача савод хаст е не пула те китоби нава гир кухнаша ба мара те ки соли оянда даркор меша.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)