Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:13

Баҳси додгоҳии собиқ домоди президент дар Вена

6 апрел 2013, 14:28

Додгоҳи олии Вена парвандаи судии Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия ва домоди собиқи президент- Нурсултон Назарбоевро оғоз кард. Рӯзномаи «Время»-и чопи Қазоқистон гуфтааст, рӯзи аввали мурофиа бидуни ҳузури Роҳат Алиев гузашт.

Қаблан, вакили дифои менеҷерони кушташуда гуфта буд, ки суди олии Вена парвандаи Алиев ангезаи сиёсиро наёфтааст. Шавҳари собиқи Дариға Назарбоеваро мақомоти Қазоқистон дар куштори ду менеҷери «Нурбонк»-Айбар Хасенов ва Жолдас Тимралиева муттаҳам медонад. Бино ба фарзияи тафтишот Тимралиев ва Хасеновро ҷонибдорони Роҳат Алиев 31-уми январи соли 2007 аз дафтари асосии бонк дар Алма-Ато рабуда, чанд рӯз зери азобу шиканҷа нигоҳ доштаанд. Ҷасади онҳо 13-уми майи соли 2011 пайдо шуд.

Роҳат Алиев то соли 2001 яке аз тоҷирони муваффақ ва дуюмин нафар дар мақомоти амниятии Қазоқистон маҳсуб меёфт. Ӯро ба ҳайси сафир ба Австрия фиристоданд ва баъдан дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо айбдор карданд. Худи Алиев мегӯяд, тасмимаш барои номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шудан, хашми Нурсултон Назарбоевро барангехта ва сабаби таъқибаш шудааст.

Роҳат Алиев аз баҳори соли 2007 дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебарад. Соли 2008 додгоҳи Қазоқистон Роҳат Алиевро дар ғайбаш барои анҷоми ҷиноятҳои вазнине, назири куштор, хиёнат ба ватан ва талоши табадуллоти давлатӣ гунаҳкор дониста, ба 40 соли зиндон маҳкум кард.
Қазоқистон аз ҳукумати Австрия дархости истирдоди Алиевро намуд, аммо Вена мегӯяд, дар сурати истирдод ӯро дар ватан шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!