Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 01:15

Вазорат: Дар роҳи Қӯрғонтеппа–Дӯстӣ ягон манзилро намекӯчонем

8 апрел 2013, 09:06

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, ба масофаи 18 киллометр моҳи августи соли равон ба анҷом мерасад.

Тавре аз Вазорати нақлиёт ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин роҳ ҷузъи долони нақлиётии «Роҳҳои автомобилгарди Осиё – 7” мебошад, ки аз қисмати шимолии Тоҷикистон, аз сарҳад бо Узбакистон оғоз ёфта, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон мегузарад.

Ба иттилои манбаъ то 1-уми апрели соли равон 44%-и корҳо дар ин роҳ анҷом ёфтаанд: “Аз ҷумла, корҳои заминӣ – қабати поёнии таҳкурсии роҳ (93%); қабати болоии таҳкурсии роҳ (88%); мумфаршкунии қабати якум (88%) ва сохтмони 5 пули автомобилгард (75%).” Манбаъ афзуд, ки айни ҳол дар иншооти мазкур 238 нафар, 188 коргари маҳаллӣ ва 50 хориҷӣ машғули кор мебошанд. Барои татбиқи корҳои сохтмонӣ 66 техникаву таҷҳизот ва мошинҳои роҳсозӣ сафарбар карда шудаанд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа ягон манзили истиқоматӣ ё корхонаву иншооти ҳудуди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ кӯчонида нахоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!