Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Додгоҳи Дубай ҳукми Қувватовро 14 апрел эълон хоҳад кард

8 апрел 2013, 10:43

Додгоҳи Дубай ҳукми ниҳоии Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии Гурӯҳи 24-ро рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ эълон хоҳад кард. Дар ин бора Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов, хабар дод.

Ба қавли ӯ, “ҳангоми қабули қарор фишор аз ҷониби корпуси дипломатии Тоҷикистон эҳсос мешавад. Вазифаи эҳтимолии дипломатҳои тоҷик он аст, ки муҳлати будубоши Қувватовро дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ҳарчи тӯлонитар кунанд.”

Николай Николаев ҳамчунин ваъда дод, ки ба наздики ҳуҷҷатҳои кори Қувватовро дар саҳфаи фейсбукии худ ҷой диҳад. “Ҳар нафари ҳоҳишманд метавонад хулосаи худро оид ба раванд ва қарори додгоҳ барорад”, -гуфт ӯ.

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъули ширкати Фароз буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ президент Раҳмон иштирок накунад. Аммо баъдан моҳи декабри соли гузашта ӯ дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатҳои Тоҷирону Фароз ва шарикони онҳо муттаҳам мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!