Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Се пешниҳоди Душанбе барои роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон

8 апрел 2013, 11:52

Тарҳи роҳи оҳан миёни Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19-уми апрел дар шаҳри Ашқобод, баррасӣ хоҳад шуд.

Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, ин нахустин нишасти намояндагони баландпояи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон марбут ба тарҳи роҳи оҳан миёни ин се кишвар хоҳад буд.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ҷониби Тоҷикистон барои пайваст намудани роҳҳои оҳани се кишвар истифодаи се масирро имконпазир медонад:

1. Колхозобод – Дӯстӣ – Панҷи Поён (сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон),
Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй – Оқина (сарҳади Афғонистон бо Туркманистон) – Имомназар – Отамурод. Дарозии роҳи мазкур тахминан 635 км мебошад.

2. Айвоҷ (сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон) – Тагонгузар – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхӯй – Оқина (сарҳади Афғонистон бо Туркманистон) – Имомназар – Отамурод. Дарозии роҳ дар ин самт 445 км тахмин карда шудааст.

3. Бешкент (Тоҷикистон) – Калдор (Афғонистон) – Хайратон – Келиф (Туркаминистон).

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, амалӣ кардани лоиҳаи мазкур барои боркашонӣ аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва барои боркашонӣ аз тариқи Афғонистон ба Туркманистон, минтақаи Қафқоз ва Аврупо имконият фароҳам меоварад. Дар навбати худ Туркманистон имкон пайдо мекунад, ки аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон бор кашонад ва Афғонистон аз ҳисоби боркашонии транзитӣ соҳиби даромад гардад.

Ёддошти тафоҳум оиди бунёди ин роҳ 20-уми март, зимни таҷлили Наврӯз дар Ашқобод аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон имзо шуда, қайд гардид, ки ин тарҳ ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!