(Видео) Ягона чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико
8 апрел 2013, 13:00
Дар шаҳри Боулдери аёлати Колорадо, чойхонаи тоҷикӣ, ки тақрибан ягона дар ҷаҳони Ғарб арзёбӣ мешавад, миёни сокинони муқимӣ маъруфияти зиёде пайдо кардааст. Ҷозеф Степанник, раиси Асоссиатсияи бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе, мегӯяд, чойхонаи тоҷикӣ машҳуртарин ҷойи истироҳати бошандагони ин шаҳри амрикоӣ гардидааст.