Намоишгоҳи Тоҷик-Билд, Мининг Ворд Тоҷикистон ва ИнфоКомЭкспо баргузор намешавад.
Ин иттилоъро ба хабаргузории «Озодагон» аз Палатаи Саноат ва Савдои Тоҷикистон доданд. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, намойишгоҳи мазкур тибқи нақша мебойист дар моҳи октябри соли равон дар Душанбе сурат мепазируфт, аммо бо сабаби он ки ширкати ташкилкунандаи ин намоишгоҳҳо, ИТЕСА- Осиё фаъолияти дафтари тоҷикистониашро мутаваққиф карданист, чорабинӣ ҳам баргузор намешавад. Дар бораи сабабҳои қатъи фаъолияти ширкати ИТЕСА-Осиё феълан маълумоти дақиқ рӯйи даст нест. {jathumbnail off}
Мӯҳр