Бахшҳо
08 апр 2013 14:20Тоҷикистон / Сиёсат

Тазоҳуроти зидди Абдуллоҷонов Созмони Милалро "тарсонд"?

Ба дунболи эътирози гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Милал дар Душанбе кормандони бахшҳои он рӯзи ҳаштуми апрел ба кор наомадаанд. Нахуст дар ин бора бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иттилоъ дод ва як манбаи мо дар Созмони Милал низ ин хабарро тасдиқ кард.

НАЗАРИ МАҚОМОТИ ВКД ДАР БОРАИ ТАЗОҲУРОТИ РӮЗИ 5 АПРЕЛ

Манбаи мо гуфт, масъулони дафтари Созмони Милал ба онҳо гуфтаанд, ба далели амниятӣ ба кор ҳозир нашуда, фаъолияташонро ба қадри имкон аз манзилашон идома бахшанд. “Аммо касе дар дафтар кор дошт, ба ҷои кор омад, албатта, барои фурсати хеле кӯтоҳ”,-афзуд манбаъ.

Эътирози гурӯҳе аз ҷавонон алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, аз боздоштгоҳе дар Киев рӯзи ҷумъаи панҷуми апрел дар назди дафтари Созмони Милал ва ҳамчунин дар назди сафорати Амрико баргузор шуд. Тазоҳуроти назди дафтари Созмони Милал (наздикии “Садбарг”) дер давом накард, чаро ки маъмурони пулису амниятӣ дарҳол ин тазоҳуротро пароканда карданд.
Мӯҳр
дима
донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи милли Тоҷикистон мегӯяд: -Пеш аз обед ба мо гуфтанд, ки имрӯз баъди обед ба тарафи Зарафшон, пеши Сафорати Америка ҷамъ шуда, як митинг мекунем. Биёед. Мо рафтем. - Кӣ ба шумо гуфт ва оё соаташ ҳам маълум буд? - Ба мо муаллимон гуфтанд, ки соати се пикет ташкил мешавад. Ман бо бачаҳо рафтам. - Ҳадафи ин эътирозро ба шумо фаҳмонданд? - Гуфтанд, ки ин пикет барои озод кардани Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири пешини Тоҷикистон, ки дар Украина дастгир шуда буд, вайро бояд ба Тоҷикистон медоданд, лекин Америка бурданд... Ҳамин замон ба суҳбати мо донишҷӯ - А.Н. дигар ҳамроҳ шуд. -Ман аз чанд рафиқам, ки дар факултаҳои Биология ва Таърих мехонанд, фаҳмидам, ки митинг соати се мешавад. Рафиқонам гуфтанд, ки биё равем, ман ҳам рафтам. Онҳо гуфтанд, ки агар пурсанд, ки аз куҷоед, аз ҳизби наҳзат гӯед. -Ҳизби наҳзати исломиро дар назар доштанд? -Ҳа, ҳизби исломиро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)